Баррасии «Мавзеъҳои биҳиштосо ва кашфношуда дар мисоли Канаски Ромит ва Сағирдашти Дарвоз» дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе
Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябри соли 2016 дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ — имконияти нави сармоягузорӣ», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён дорад, дар баробари дигар соҳаҳо дар доираи масоили «Тоҷикистон- кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушд», мавзӯъҳои «Такмили заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ», «Ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ», «Рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун омили муҳими истифодаи босамари захира ва имкониятҳои кишвар», «Мавзеъҳои биҳиштосо ва кашфношуда дар мисоли Канаски Ромит ва Сағирдашти Дарвоз: дурнамои ҷалби сармоя ба онҳо», «Бренди байналмилалӣ: раванди ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон: барои чӣ Тоҷикистонро бояд дид?» мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Омилҳои мазкурро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро яке аз самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Маҳз бо такя ба сиёсати дарҳои кушоди Пешвои миллат ва ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва техникӣ мубаддал гаштани минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ин васила, мустаҳкам намудани нуфузи кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи туристӣ таъсири калон расонида истодааст.
Ҷуғрофияи ташрифот низ сол то сол васеъ гашта, ҷамъ бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони беш аз 100 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист боздид менамоянд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






