19-умин намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, сайёҳӣ ва инноватсионӣ дар Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2016 08:27

Душанбе, 15.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 19-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, сайёҳӣ ва инноватсионии ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия «TM-International» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ноябр оғоз гардида, то рӯзи 16- уми ноябри соли равон идома меёбад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 11 ноябр дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар, инчунин хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе намоишгоҳ ифтитоҳ гардида, он то 16 ноябр дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода идома меёбад.
Намоишгоҳи таълимӣ бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар самти омода намудани мутахассисони касбӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои мубодилаи иттилоот миёни донишгоҳҳо, нишон додани таҷрибаи байналмилалӣ дар воридоти технологияҳои инноватсионӣ, муаррифии имкониятҳои туристии кишвар ва ҷалби бештари сармоя дар рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ташкил карда шудааст.

Ноябрь 15, 2016 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон» ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон шартнома оид ба ҳамкорӣ бастанд
Дар Мянма тахмин мезананд, ки шумораи ҳалокшудагони заминларза аз 3 ҳазор нафар бештар мешавад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани шаҳрванд аз ҷойи истиқомат чӣ гуна амалӣ мегардад?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Бангкок ба 20 нафар расид
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix — Asia сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Мянма ба 2056 нафар расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Ҷавонони деҳоти Чилгазии Исфара вохӯрӣ намуд
Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо — «Сайри гули лола» гузаронида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад