«Марде аз сарнавишт»-филми мустанад бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ноябрь 14, 2016 08:00

prezident-ruzi-prezident-1024x683Душанбе, 14.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд ҳамасола  16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, рӯзҳои 15-16 ноябри соли равон тавассути тамоми шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистон филми мустанади «Марде аз сарнавишт» пахш мегардад. Дар филми мазкур нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот дар қаламрави кишвар, расидан ба истиқлолияти комил ва пешрафту тараққиёти мамлакат ба намоиш гузошта мешавад.

Филми «Марде аз сарнавишт» бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Дар филми мазкур коршиносону сиёсатмадорони барҷаста, ходимони намоёни давлатӣ ва бевосита худи Президенти мамлакат оид ба нақши Пешвои миллат дар бартараф намудани оқибатҳои даҳшатбори ҷанги гражданӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо то нафари охирин,  соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ташаббусҳои ин марди наҷиб дар арсаи байналмилалӣ, обрӯю нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон ибрози андеша менамоянд.

«Марде аз сарнавишт»  аз ду қисмат иборат буда, рӯзҳои 15-16 ноябр тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат намоиш дода мешавад.

tvtA remote control in hand. Shallow depth of field, with focus on the remote.tvt-3

Ноябрь 14, 2016 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»