Барқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси

Декабрь 12, 2016 19:30

ДУШАНБЕ, 12.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари дӯсти Миср бар асари таркиши даҳшатангез дар калисои ҷомеи қибтиҳо дар шаҳри Қоҳира боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи инҷониб гардид.
Мо бо нигаронии шадид ин амали ғайриинсонии неруҳои аҳриманиро   қатъиян маҳкум карда, ҳамбастагии  худро ба талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри маҳви терроризм ва ифротгароӣ таъкид менамоем.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

Декабрь 12, 2016 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии №8-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз бахшиданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева санги асос гузоштанд