Муаррифии кадрҳои нави роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Январь 12, 2017 19:21

ДУШАНБЕ, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои маркази равобити «Пойтахт» бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин намояндагони дигар сохторҳои идории шаҳри Душанбе маросими муаррифии ҳайати нави роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҳамин тариқ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи Раиси шаҳри Душанбе озод гардида, ҳамзамон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ кадри ҷавону лаёқатманд, соҳибтаҷриба ва донандаи хуби забонҳои хориҷӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин карда шуд.

Ҳамчунин мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҳамаи муовинони раиси шаҳри Душанбе озод карда шуда, ба ҷойи онҳо кадрҳои ҷавону корозмуда Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд, Назирмадзода Бахтиёр, Муинӣ Мавсума, Саидзода Қурбон ва Ҷумазода Фаррух ба ин вазифаҳои пурмасъул дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъйин гардиданд. Ҳамчунин Саидзода Тоҷиддин — роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Шарифзода Хушвахт — сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъйин карда шуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт аз вазифа озод гардида, Салимзода Нусратулло Файзулло — иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Сино, Самӣ Шариф Ҳамид — иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ — иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин карда шуданд.

Дар ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба собиқ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои хизматҳои арзишманд дар солҳои тӯлонии роҳбарӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти босамар ба ӯ Ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи-1 тақдим кард.

Сипас иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, дар асоси эътимод ба неруи созандаи ҷавонон нақшаҳои мукаммали рушди stop-acne-meds.com пойтахтро муаррифӣ кард, ки бо назардошти талабот ва стандартҳои муосири шаҳрсозӣ амалӣ мешаванд.

Дар ин замина роҳбарияти нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахт, ки аз ҳисоби мутахассисони таҷрибадору корозмуда таъйин гардидаанд, ҷавобан ба боварӣ ва эътимод ба неруву малакаи созандаи ҷавонон изҳор доштанд, ки софдилона ва содиқона барои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе саҳм гузошта, мақоми пойтахти кишварро дар арсаи байналмилалӣ чун симои кишвари ҳамешасабз боло мебардоранд.

Январь 12, 2017 19:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ мегузарад
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд