3 феврал-Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ: Дар Тоҷикистон калимаҳои ғайримеъёрӣ чӣ гуна истифода мешаванд?
ДУШАНБЕ, 3.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Забони модарии мо, ки дар даврони истиқлол барои рушду густариши он тамоми имконияту шароит фароҳам омад, ба муваффақияту дастовардҳои назаррас ноил шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳову суханрониҳои хеш дар назди донишмандон, забоншиносону фарҳангиёни тоҷик дар баробари таҳқиқу баррасии масъалаҳои бунёдии инкишофи забони модарӣ, барои тавсеаву инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд.
Аз ҷумла, дар яке аз Паёмҳояшон (соли 2009) омадааст: «Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст». Дар робита ба ин, ҳамчунин таъкид намуданд, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст.
Ҳамасола дар ҷаҳон 3 февралро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ таҷлил мекунанд. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон, хусусан ҷавонон дар гуфтугӯ аз забони ғайримеъёрӣ фаровон истифода мебарад. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода суҳбат намуд.
«Ховар»: Калимаҳои ғайримеъёрӣ чӣ гуна вожаҳо ҳастанд?
Сайфиддин Назарзода: Калимаҳои ғайримеъёрӣ калимаҳое ҳастанд, ки ба гурӯҳи вожаҳои таҳқиромезу дашном ворид мешаванд. Дар забони тоҷикӣ, ки таърихи чандҳазорсола дорад ва аз қаъри таърих маншаъ мегирад, ин гуна калимаҳо як қабати муайяни лексикиро ташкил мекунанд ва аз тарафи донишмандон мавриди таҳқиқу пажӯҳиш низ қарор гирифтаанд.
Ҳар як забон дорои вожаҳои зиёд мебошад, ки фонди луғавӣ ва таркиби луғавии забонро ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки калимаҳои асили забон дар ҳар як забон нақши асосӣ доранд ва дар чорчӯбаи захираи луғавии забон ба фонди луғавии он дохил мешаванд.
Бинобар ин, дар байни ин вожаҳо калимаҳои фаъол, камфаъол, таърихию архаистии аз истифода баромада хеле зиёданд. Вале дар забон як қабати вожагонӣ мавҷуд аст, ки онро дар забоншиносӣ ба гурӯҳи калимаҳои ғайримеъёрӣ мансуб медонанд. Яъне, дар баробари пайдоиши забону гуфтугӯи мардум ин вожаҳо пайдо шуда, рушд кардаанд, ки дар ғанӣ гардонидани таркиби луғавии забон нақш доранд.
«Ховар»: Калимаҳои ғайримеъёрӣ дар кадом ҳолатҳо истифода мешаванд?
Сайфиддин Назарзода: Аслан, ин гуна калимаҳо бештар ба таври бевосита истифода намешаванд. Онҳо дар забони адабӣ ҷойи махсус доранд. Дар ҳолатҳое истифода мешаванд, ки шахс барои ифодаи эҳсосоти рангини худ ин калимаҳоро истифода мекунад. Ин гуна калимаҳо аслан дар забони тоҷикӣ ва забонҳои дигари дунё ҳам ба мисли табу истифода мешаванд. Яъне, онҳо бевосита истифода намешаванд ва дар бештар ҳолат аз истифодаи ин гуна вожаву таъбирҳо ҳазар мекунанд. Лекин ҳолатҳое ҳастанд, ки вақте шахс эҳсосотӣ мешавад, таҳқир мебинад ё дар як ҳолати ногувор меафтад, аз шиддати ҳаяҷон ин гуна калимаҳоро барои пуртаъсир кардани сухани худ истифода мекунад.
«Ховар»: Истифодаи калимаҳои ғайримеъёрӣ бештар дар забони адабӣ ё дар забони гуфтугӯйӣ мавриди истифода қарор мегиранд?
Сайфиддин Назарзода: Вақте мо бо забони адабӣ суҳбат мекунем, дар ин ҳолатҳо истифодаи ин гуна калимаҳо хеле ба нудрат, яъне кам вомехӯранд. Вале, вақте мо бо забони гуфтугӯйии ба шакли маҳаллӣ ва шаклҳои гурӯҳии калимаҳо, ки жаргон, сленг ва ғайра номида мешаванд, муроҷиат мекунем, дар ин гурӯҳҳо ин вожаҳо бештар аён мешаванд.
Аслан истифодаи калимаҳои ғайримеъёрӣ сатҳи маърифатнокии шахсро нишон медиҳад. Дашном ё ҳақорат бештар дар таркиби луғавии авбошон, ҷинояткорону майнӯшон ва ашхоси тарбиянадида вуҷуд дорад. Агар фард ҳар қадар аз таърихи забону фарҳанги мардум огоҳ бошад, яъне соҳибтамаддун бошад, ин гуна калимаҳоро истифода намебарад. Вале, дар байни шахсоне, ки аз қоидаҳои меъёрии забон бехабаранд ва дар муҳити мардуми сатҳи маърифатнокиашон паст зиндагӣ мекунанд, ин гуна вожаҳо бештар вомехӯранд. Ҳатто шахсоне ҳастанд, ки дар байни ҳар як ибора ё ҷумлаҳои худ ин гуна калимаҳоро ҷой мекунанд.
«Ховар»: Истифодаи забони ғайримеъёрӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷомеаи Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Оё дар Тоҷикистон барои қонунан манъ кардани забони ғайримеъёрӣ фурсат нарасидааст?
Сайфиддин Назарзода: Имрӯзҳо дар ҷаҳон ба муқобили ин гуна вожаҳои дурушту дашном ва ғайримеъёрӣ мубориза мебаранд. Масалан, чанде пеш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ворид гардидани тағйирот ба Кодекси қонуншикании маъмурӣ тасдиқ карда шуд, ки тибқи он ҳар шахсе, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ алфози қабеҳ ва дашном, вожаҳои амсоли онҳоро истифода мекунад, ба маблағи аз 2000 то 3000 сом, ки тахминан 30-45 долларро ташкил медиҳад, ҷарима мешаванд. Аз ҳама муҳимтар ин аст, ки агар дашномро наврасону кӯдакон истифода кунанд, волидайни онҳо ба ҷазои маъмурӣ кашида мешаванд. Ва ба тариқи ислоҳӣ барои кор то панҷ рӯз ҷалб ё ҷарима мешаванд.
Дар сатҳи як давлат қабул шудани чунин қонун нишон медиҳад, ки истифодаи калимаҳои ғайримеъёрӣ як унсури зиддиҷамъиятӣ ҳисобида мешавад. Тоҷикистони мо, ки як кишвари демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, бояд ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ намояд.
Имрӯз дар ҷаҳон барои мубориза бурдан ба муқобили алфози қабеҳ, дашном, таҳқир ва монанди инҳо баъзе намунаҳо вуҷуд доранд, ки давлатҳо ин корро анҷом додаанд. Месазад, ки мо низ барои пешгирии чунин костагиҳо ва беолоиш нигоҳ доштани забони меъёр ин гуна тадбирҳоро андешем.
Бояд гуфт, ки дар вақти ба эҳсосот омадани мардум дар баъзе ҷойҳо ин гуна калимаҳо истифода мешаванд ва аз истифодаи онҳо роҳи гурез нест, вале сухан дар бораи ҷойҳои расмӣ, ҷамъиятӣ ва муҳити тамаддуниву фарҳангӣ меравад. Дар муҳити тамаддунӣ ин гуна калимаҳо бояд ҷой надошта бошанд. Мо ба ҷойи ин гуна калимаҳо вожаву ибороти дорои тобишҳои маъноии зиёде дорем, ки метавонем дар шаклҳои адабӣ аз онҳо истифода барем.
Мавҷуда АНВАРӢ