Ба таваҷҷуҳи муштариёни «Сомон Эйр»!

Февраль 1, 2017 18:03

ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ “Ховар”/. Дар мувофиқа бо роҳбарони давлат ва Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо мақсади рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни кишварҳо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз рӯи хатсайри нави Душанбе-Тошканд-Душанбе оғоз мекунад.

Санаи 10 феврал хатсайри техникӣ иҷро гардида, аз 20 феврал дар самти мазкур парвозҳои мунтазам оғоз мегарданд. То охири мавсими зимистон “Сомон Эйр” парвозҳоро ба пойтахти Ӯзбекистон ва бозпас ҳафтае як маротиба, рӯзҳои душанбе ва дар мавсими тобистон бошад, ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе амалӣ хоҳад кард.

Чиптаҳоро метавонед аз тамоми идораҳои чиптафурӯшӣ харидорӣ намоед. Барои ба даст овардани маълумоти пурра ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба рақамҳои 44-640-40-49 ва 44-640-40-50 тамос гиред.

Февраль 1, 2017 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!
Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво аз 32 то 42 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Қариб 90 ҳазор ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе-Чанокро ғайринақдӣ пардохт менамоянд