Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи майи соли равон бо мақсади гузариш ба шакли электронии декларатсияи гумрукии мусофирон ва ба роҳ мондани махзани мутамаркази маълумот дар бораи интиқоли молу сарватҳои асъорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукӣ модули «Декларатсияи мусофирон»-и низоми иттилоотии АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ дар фаъолияти амалии дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ фаъол карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Татбиқи низоми гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар самти маъмурикунонии фаъолияти гумрукӣ ва рақамикунонии расмиёти гумрукӣ қадами нав буда, ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ вусъат мебахшад.
Бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат дар ҳошияи Лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ аз аввали соли 2022 низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Низоми иттилоотии мазкур, ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамояд, ба суръатбахшии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофият ва пешгӯишавандагии расмиёти гумрукӣ, ҳосил намудани маълумоти боэътимоди саривақтӣ дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ равона гардидааст.
«Истифодаи низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар ҳамаи нуқтаҳои барасмиятдарории гумрукӣ ба таври озмоишӣ ба роҳ монда шудааст»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон таҳия шудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






