Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 24, 2017 10:20

ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳукумат нахуст ҳисоботи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2017 ва таҳлилу амалисозии бандҳои алоҳидаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакатро барои истифодаи оқилонаи замин, пешгирии ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ дар истифода ва тақсимоти он ҷалб сохта, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи маҷлис аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

Дар кори маҷлис инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020», «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2017-2020», Дар бораи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос, Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аъзои ҳукумат ва роҳбарони дигар мақомоти марказии давлатӣ таъмини иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар кори маҷлис баррасишударо тақозо намуда, ба онҳо ҷиҳати мусоидат ба иҷрои муқаррароти Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳким бахшидани корҳои тарғиботу ташвиқотӣ доир ба пешгирӣ аз оқибатҳои маргбори ин беморӣ, ки ба солимии ҷомеа ҳатари ҷиддӣ дорад, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин барои тақвият бахшидани тадбирҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, таҳким бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида дода шуд.

Барои таъмини иҷро ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», назорати нархи маҳсулот дар бозорҳои мамлакат, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи кишту кори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ба истиқболи ҷашну маъракаҳои муҳими ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аъзои Ҳукумат ва дигар масъулони дахлдор вазифадор карда шуданд.

Февраль 24, 2017 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд