Эмомалӣ Раҳмон: «Ман аз бисёр навиштаҳои рӯзноманигорон огоҳ ҳастам ва онҳоро дар мавридҳои зарурӣ мавриди истифода қарор медиҳам»

Март 10, 2017 11:52
Президент День печати

ДУШАНБЕ, 10.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 март  Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад, ки имсол 105-сола мешавад. Панҷ сол муқаддам дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маҷлиси ботантана бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик доир гардида буд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда буданд. Бамаврид аст дар арафаи иди матбуот аз он суханронии фарогир ва таърихии Сарвари давлат чанд иқтибос биёрем.

Дар бораи нақши матбуот

«Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.

Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.

Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Дар бораи аввалин рӯзномаи тоҷикӣ

 «Аҳли қалами тоҷик 11-уми марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои Шариф» чоп карданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар сад соли гузашта маҳсуб мешавад.

 

Барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтанд».

Дар бораи мақоми Айнӣ дар таърихи матбуоти тоҷик

«Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст.

Дар як мақолааш устод Айнӣ таъкид намудааст: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад».

Ин суханони воқеан пурарзиш ва ин панди устод барои ҳамаи мо ва хусусан барои аҳли қалам ва рӯзноманигорон сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд».

 Дар бораи нақши Лоҳутӣ дар бунёди аввалин рӯзномаи давлатии тоҷикӣ

«Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Мо ифтихор дорем, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд ва дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоёнро анҷом дод.

Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи мо ва умуман аҳли қалам ё фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз кардаанд ё ба онҳо ҳамкории доимӣ дошта, бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштаанд».

 Дар бораи марҳалаҳои рушди матбуоти тоҷик

«Агар ба сайри таърихии матбуоти тоҷик назар андозем, онро метавон ба се марҳала — давраи пеш аз инқилоб, даврони шӯравӣ ва замони истиқлол ҷудо намуд.

Бояд гуфт, ки матбуот дар ҷумҳурии мо дар ин давраҳои таърихӣ, аз ҷумла дар замони шӯравӣ ба таври назаррас рушд кардааст. Воситаҳои ахбори омма махсусан дар самти инъикоси масъалаҳои вобаста ба бунёди иншооту сохтмонҳои азим, ташкили ҳаёти нав ва масоили адабиву фарҳангӣ нақши созанда ва пешоҳанг доштанд.

Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт».

Дар бораи озодии баён дар матбуоти тоҷик

«Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Ба таъбири дигар, матбуот ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шуд.

Имрӯз дар фаъолияти матбуоти мустақили Тоҷикистон, яъне дар фаъолияти онҳое, ки худашон рӯзномаву маҷалла, агентии иттилоотӣ, шабакаи телевизион ё радио таъсис дода, кори онро мустақилона пеш мебаранд, унсурҳоеро мебинем, ки сазовори пайравӣ кардану омӯхтан ҳастанд.
Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд».

Дар бораи матбуоти мустақил

«Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд.

Масалан, дар Тоҷикистон соли 1991 ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки аз ин шумора фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Ғайр аз ин, ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ фаъолият мекард. Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо 446 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 270 — тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, нӯҳ агентӣ ғайриҳукуматӣ аст.

Ҳоло дар мамлакат 44 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакаи радиову телевизион хусусӣ мебошад.
Ин, албатта, хуб аст, зеро фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма яке аз нишонаҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ мебошад.
Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд».

 Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ

  «Ҷараёни иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» нишон медиҳад, ки на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад».

Дар бораи масъулияти ВАО

 «Ман аз бисёр навиштаҳои рӯзноманигорон огоҳ ҳастам ва онҳоро дар мавридҳои зарурӣ мавриди истифода қарор медиҳам.
Вале дар баробари ин, таъкид менамоям, ки воситаҳои ахбори омма набояд аз ваколатҳои касбии худ сӯиистифода намоянд. Онҳо набояд ба тамоюли низоъангезиву тафриқаандозӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, таҳқиру тӯҳмати шахсиятҳои хизматкарда, тарғиби фаҳш ва дигар кирдорҳои ношоиста роҳ диҳанд.

Онҳо бояд аз чоп ва пахши маводе худдорӣ намоянд, ки ба нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонида, боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум мегарданд ва вазъи ҷомеаро ноором месозанд».

Дар бораи ҳақиқат

«Ҳақиқат мисли офтоб аст ва тавре мардуми мо мегӯянд, онро бо доман пӯшонида намешавад. Дар баробари ин ҳақиқат талх аст, ҳарчанд дар фарҷом меваи ширин ба бор меорад. Бинобар ин, ҳамеша ҳақиқатро гуфтан зарур аст. Вале танқид на дар асоси фармоиш ё ғарази муайян, балки танҳо дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад».

Дар бораи забони ВАО

 «Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад. Вале чунонки имрӯз дар саҳифаҳои баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо мебинем, калимаву истилоҳоти душворфаҳму номафҳум зиёд истифода мешаванд ва хонанда аз онҳо чизеро намефаҳмад.

Ғайр аз ин, солҳои охир дар маводу матолиби баъзе рӯзномаву ҳафтаномаву маҷалла ва дигар воситаҳои ахбори омма қоидаҳои оддитарини имлои забони тоҷикӣ риоя карда намешаванд ва онҳо пур аз ғалату иштибоҳ мебошанд.

Албатта, ҳар як эҷодкор сабку услуби худро дорад, вале он бояд ба доираи васеи хонандагон фаҳмо бошад. Аҳли қалам ва рӯзноманигорон худашон бояд дар масъалаи риояи қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони ширин ва шоиронаву шевои тоҷикӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба андешаи ман, ин яке аз рисолатҳои касбӣ ва қарзи шаҳрвандии рӯзноманигорон маҳсуб мешавад».

Дар бораи асосҳои ҳуқуқии рушди матбуот

 «Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд.

Ҳоло фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад».

Дар бораи нишастҳои матбуотӣ

«Ҳадафи аслӣ аз ташкили нишастҳои матбуотие, ки тибқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба ва дар сурати ба миён омадани масъалаҳои қобили баррасии фаврӣ ба таври пайваста баргузор мегарданд, таъмини дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони кишвар ба иттилооти расмӣ мебошад».

Дар бораи баҳсҳои судӣ миёни нашриҳо

«Миёни нашрияҳо, асосан нашрияҳои мустақил ва объектҳои танқидшаванда ҳолатҳои баҳси судӣ, инчунин оғоз гардидани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба баъзе рӯзноманигорон ҷой доранд.

Мавқеи ман ҳамчун Сарвари давлат, ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чунин аст: ҳар шахс, сарфи назар аз касбу кор ва мақому манзалаташ дар ҷомеа бояд барои аъмоли худ дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Зеро дар назди қонун ҳама баробаранд ва ба ҳеҷ кас имтиёз ё афзалият дода намешавад.

Аз ин лиҳоз, баҳсҳое, ки миёни нашрияҳо ва объектҳои танқидшаванда ба миён меоянд, бояд аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда шаванд».

Дар бораи таҳкир ва туҳмат

  «Дар қонунгузории соҳа ҳолатҳое низ ҳастанд, ки дар доираҳои рӯзноманигорон ва коршиносон боиси баҳсҳои доманадор шудаанд.

Аз ҷумла, мубоҳисаҳо дар атрофи моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру тӯҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, кайҳо ба ҳама маълуманд.

Бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории ҷаҳони мутамаддин ва бо истифода аз ваколатҳои конститутсионии худ пешниҳод менамоям, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру тӯҳмат аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд».

Дар бораи матбааҳои маҳаллӣ

 «Бо сабаби дар маҳалҳо мавҷуд набудани шароити чоп ва кӯҳнаву фарсуда будани таҷҳизоти чопӣ аксари рӯзномаҳои ноҳиявӣ бо сарфи зиёди вақт ва маблағ дар матбааҳои шаҳри Душанбе ба табъ мерасанд.

Бо дарназардошти ин вазъият солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ матбааҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бо таҷҳизоти муосири чопӣ таъмин гардиданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди кории рӯзноманигорон дар маркази вилояти Суғд «Хонаи матбуот» бо тамоми таҷҳизоту технологияи пешрафта ва шароити кории муосир ба истифода дода шуд.

Дар асоси “Барномаи компютерикунонии муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013” дар ду соли охир идораҳои рӯзномаву матбааҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти компютерӣ, дигар воситаҳои техникии иттилоотӣ ва технологияи электронӣ таъмин карда шуданд.

Дар доираи ин барнома соли ҷорӣ идораҳои рӯзномаҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии вилояти Хатлон ва соли оянда вилояти Суғд бо чунин таҷҳизот таъмин карда хоҳанд шуд.

Бо вуҷуди ин, ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати бо таҷҳизоту технологияҳои ҳозиразамони чопӣ таъмин намудани матбааҳои маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Инчунин вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва энергетика вазифадоранд, ки ҳангоми таҳияи “Барномаи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъалаи таъмиру таҷдиди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе ва дигар чопхонаҳо, аз ҷумла чопхонаҳои вилоятиро ба инобат гиранд.

Фаъолияти матбуоту нашриёт, корхонаҳои полиграфӣ ва муассисаҳои паҳнкунандаи матбуот аз бисёр ҷиҳат бояд ба амалӣ гардидани ҳуқуқи қонунии шаҳрвандон ба гирифтани маълумоти боэътимоду саривақтӣ мусоидат намояд. Ҳалли ин масъала бахусус барои сокинони деҳот хеле зарур аст».

Дар бораи расонидани рӯзномаву маҷаллаҳо

«Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» бинобар заиф гаштани заминаи моддиву техникии худ маҳсулоти чопиро сари вақт дастраси хонандагон карда наметавонад, ки дар натиҷа аҳолии бисёр шаҳру ноҳияҳои дур аз марказ аз мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо бенасиб мемонанд.
Чунин вазъият яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд наомадани нашрияҳои ҳаррӯза ва ба дараҷаи кофӣ рушд наёфтани матбуоти имрӯза гаштааст.
Давлат метавонад дар кори созмон додани шабакаи миллии паҳнкунии маҳсулоти чопӣ бо роҳи таҷдиди фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» ва фароҳам овардани шароит барои ҷойгирсозии дӯконҳои фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо дар маҳалҳои серодами шаҳру ноҳияҳо мусоидат намояд.

Бо дарназардошти ин, ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро якҷо бо роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва муассисаҳои табъу нашри мамлакат мавриди омӯзишу таҳлили амиқ қарор дода, хулосаи худро ҷиҳати ҳалли он то моҳи июни соли ҷорӣ ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Зимнан бояд гуфт, ки фурӯши маҳсулоти чопӣ дар ҳудуди пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе муносибати махсусро тақозо дорад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор аст, ки дар масъалаи рушди минбаъдаи бозори фурӯши нашрияҳо дар пойтахт, аз ҷумла масъалаи тарзу усули ҷойгиршавии шабакаву нуқтаҳои паҳнкунӣ ва фурӯши чаканаи маҳсулоти чопӣ чораҳои иловагӣ андешад».

Дар бораи ВАО-и электтронӣ

«Дар замони муосир ҷиҳати сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар баробари матбуоти чопӣ воситаҳои ахбори оммаи электронӣ – шабакаҳои телевизион, радио ва интернет саҳми бузург мегузоранд.

Пешрафти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрӯза аз он далолат мекунад, ки истифодаи самараноки воситаҳои электронии ахбор на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилоотӣ мегардад, балки бо истифода аз онҳо ба таъмини беҳтари амнияти иттилоотии кишвар ноил шудан мумкин аст».

Дар бораи пахши рақамӣ

 «Пахши рақамӣ — ин сифати олии тасвиру садо ва имконияти фаровони истифода аз теъдоди зиёди шабакаву хизматрасониҳо мебошад.
Мо имкон пайдо мекунем, ки дар хона ё ҷои кор мустақилона мӯҳтавои барномаҳои радио ва телевизионро мувофиқи табъу завқи худ мураттаб созем, ба шабакаи интернет ворид шавем, дар овоздиҳии гуногуни мустақим бевосита иштирок намоем ва аз даҳҳо намуд имкониятҳои дигар истифода барем».

Дар бораи кадрҳои соҳаи ВАО

«Рушди воситаҳои ахбори омма чун ҳамаи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ва давлат бидуни кадрҳои болаёқат ва мутахассисони варзида ғайриимкон аст.

Вале чунонки мебинем, вазъи омода намудани рӯзноманигорону наттоқон, коргардонҳову тарроҳон, наворбардорони касбӣ ва мутахассисони дигар риштаҳои ин соҳа дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ то имрӯз ба талаботи замона ва эҳтиёҷоти идораҳои воситаҳои ахбори омма ҷавобгӯй нест.
Доир ба ин масъала борҳо гуфтаем ва бори дигар такрор мекунем. Ба назари ман, ин масъала бе дахолати фаъоли мақомоти давлатӣ ҳалли худро ёфта наметавонад.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби вазоратҳои фарҳанг, маориф ва Кумитаи телевизион ва радио бояд барномаи давлатии тарбияи кадрҳои болаёқати воситаҳои ахбори омма таҳия гардад ва то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба баррасии Ҳукумат пешниҳод карда шавад.

Ин барнома бояд тамоми самтҳои соҳаро фаро гирад. Мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии шӯъбаю факултетҳои дахлдор дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос ва ботаҷрибаи соҳа ба раванди тарбияи кадрҳо, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим, ташкили студияҳои таълимӣ, ба роҳ мондани такмили ихтисоси кормандон дар дохили мамлакат ва хориҷ аз он аз қабили ҳамин гуна самтҳои асосӣ мебошанд».

Дар бораи Академияи ВАО

«Ду сол пеш Кумитаи телевизион ва радио пешниҳод карда буд, ки дар заминаи Маркази миллии санъатҳои тасвиру овоз Академияи телевизион ва радио таъсис дода шавад. Азбаски он замон вазъи молиявию иқтисодӣ ба амалӣ намудани ин иқдомот имконият намедод, Ҳукумат баррасии ин пешниҳодро мавқуф гузошта буд. Ба назари ман, вақти баррасии ин масъала расидааст.

Албатта, шарт нест, ки тамоми хароҷоти ин академия аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт шавад, балки маблағҳои дохиливу алтернативӣ, грантҳо ва манбаъҳои дигари маблағгузориро низ дар назар доштан зарур аст.

Ба ин академия барои баргузор намудани ҳар гуна маҳфилу озмунҳо ва курсҳои омӯзишӣ мутахассисони беҳтарину соҳибтаҷрибаи соҳаи воситаҳои ахбори оммаро аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб кардан мумкин аст.

Чизи дигари муҳим ин аст, ки академияи мазкур бояд на танҳо академияи телевизиону радио, балки академияи ҳамаи воситаҳои ахбори омма бошад ва бинобар ин, номи дурусту мувофиқ дошта бошад.

Вобаста ба ин, ба Кумитаи телевизион ва радио супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати фарҳанг лоиҳаи санади дахлдорро таҳия карда, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута то охири нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Ҳукумат пешниҳод намояд».

Дар бораи ҳавасмандкунӣ ва қадрдонии меҳнати рӯзноманигорон

«Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва қадр кардани заҳмати дарвоқеъ душвори рӯзноманигорон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шаванд.

Масалан, таъсис додани ҷоизаи давлатӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ метавонад аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо бошад.

Ин ҷоиза бояд ба рӯзноманигороне супорида шавад, ки фаъолияти онҳо ба таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодии давлат ва пешрафти маънавии ҷомеа, густариши арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Фикр мекунам, ки ин тадбир минбаъд обрӯи воситаҳои ахбори омма, эътибори сухан ва суханвар, масъулияти ӯро дар назди халқу Ватани азизи мо боз ҳам баланд мебардоранд».

Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот

«Асри бистуякро асри иттилоот ном мебаранд. Имрӯз дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Одамон ба воситаи интернет аз навигариҳои олам фавран огоҳӣ меёбанд

Ҳоло қариб 2 миллион нафар сокинони мамлакат аз шабакаи ҷаҳонии интернет истифода мебаранд. Ғайр аз ин, 6 миллион нафар муштариёни алоқаи мобилӣ низ метавонанд ҳар лаҳза ба ин шабака пайваст шаванд».

Дар бораи «ҷангҳои иттилоотӣ»

«Имрӯз дар илми сиёсатшиносӣ мафҳуми нав — «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» хеле маъмул гаштааст, ки дар ин хусус ҳанӯз соли 2009 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ибрози назар карда будам.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои пешбурди манфиатҳои худ ва паст задани манфиати дигарон давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд.

Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои сайёра аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст.

Вақтҳои охир ҳатто сарони давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бораи зарурати танзими фаъолияти интернет дар доираи қонунҳои байналмилалӣ изҳори назар мекунанд.

Ба андешаи ман, вақти он расидааст, ки мақомоти қонунгузор, ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ дар ин бобат ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кунанд.

Муҳим он аст, ки аҳли қалами кишварамон дар пешорӯи ин гуна маводи ғаразноку таҳқиромез, ки ба хотири паст намудани иродаи сиёсӣ ва азму суботи мо, инчунин расидан ба иззати нафси мардум ва миллати қадимаи мо паҳн карда мешаванд, хомӯшӣ ихтиёр накунанд».

Дар бораи амнияти иттилоотӣ

«Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд.

Зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад».

Март 10, 2017 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Камол НасруллоШоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи он, ки муҳити интернет ба ҷавонон чӣ таъсирҳо метавонад дошта бошад
Айни-0ЁДКАРДИ УСТОД АЙНӢ: имрӯз қаламкашони тоҷикро мебояд ба публисистика бештар рӯй биёваранд
Мощная бомба-2Вазъи мураккаб дар ҷаҳон: ИМА дар Афғонистон бомбаи фавқулиқтидори ғайриҳастаӣ истифода кард
Файзуллло БаротзодаНақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ
Навруз АликаҶашни Сада муждаест аз Наврӯз (Пешниҳоди як гурӯҳ донишмандон роҷеъ ба ин ҷашн)
Меҳргон омад ба хидмат_ шаҳрёро назди ту _2Меҳргон омад ба хидмат, шаҳрёро назди ту! (Пешниҳоди як гурӯҳ донишмандон роҷеъ ба ин ҷашн)
Siriya-vojnaДАР БОРАИ ҲОДИСАҲОИ СУРИЯ: ҷаҳон дар вазъияти мушкил қарор гирифт
Хоки Ватан-4Пешвои миллат оид ба нақши барномаи «Хоки Ватан» дар раванди сулҳи тоҷикон: имрӯз ба таъсиси ин барномаи машҳури радиоӣ 24 сол пур шуд!
Хафт син-6ҲАФТ МЕВА, ҲАФТ САЛОМ, ҲАФТ ШИН, ҲАФТ СИН, ҲАФТ СИНӢ, ҲАФТ АМШОСПАНДОН
Ф. БаротзодаНАВРӮЗИ ХУСРАВОНИИ ТОҶИКОН (Дар партави мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор)
Вода22 март- Рўзи байналмилалии захираҳои об:ҳамкорӣ дар соҳаи об тақозои замон аст
Навруз ИранНАВРӮЗ КУҲАНТАРИН ОЙИНИ МИЛЛӢ ДАР ҶАҲОН АСТ!