Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода

Март 21, 2017 10:15

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва суханронӣ карданд.

Тантанаҳои асосии таҷлили Наврӯзи ҷаҳонии хуҷастапай дар варзишгоҳи марказии шаҳр баргузор шуда, дар он фаъолони кишвар, намояндагони зиёиёни мамлакат, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, меҳмонон аз кишварҳои хориҷ ва сокинони шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли мардуми шарафманди тоҷик, инчунин ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Наврӯзи фархундаву оламафрӯз — ҷашни бедории табиат самимона табрику таҳният гуфтанд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад. Наврӯз дар давоми таърихи беш аз панҷҳазорсола ва роҳи пуршебу фарози худ мазмуни амиқу васеи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст. Бо дарназардошти ҳамаи хусусиятҳои неки инсонпарваронаи ин ҷашни аҷдодӣ пешниҳоди созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби беш аз 190 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва қатъномаи махсуси ин созмони бонуфузи сайёра оид ба додани мақоми байналмилалӣ ба Наврӯзи аҷам қабул гардид.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода басо рамзӣ мебошад, зеро мардуми куҳанбунёди он дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накӯтарин анъанаҳои миллӣ саҳми басо арзишманд доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки идомаи суннатҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла корҳои ободонӣ, бунёди боғҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот имконияти беҳтарини баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи заҳмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси миллӣ ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон мебошад.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷашни байналмилалии наврӯз ва кулли мардуми шарафманди тоҷикро бо фарорасии иди ниёгон табрику шодбош гуфтанд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳи фарҳангӣ ва намоиши театрикунонидашуда ба ифтихори наврӯзи оламафрӯз, ки аз ҷониби устодони санъати ҷумҳурӣ ва ҳунармандони шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд таҳия гардида буд, пешкаши меҳмонону иштирокчиёни тантанаҳои идона карда шуд.

Март 21, 2017 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии №8-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз бахшиданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева санги асос гузоштанд