Соли ҷавонон: пешрафти илм аз зеҳни солими мутахассисони соҳавӣ вобаста аст

Апрель 16, 2017 08:47

ДУШАНДЕ, 16.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Инсоният бо такя намудан ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаҳои мутобиқи низоми мантиқӣ дар таҳияи дарки воқеии равандҳои табиӣ тавонист ҳарчи қадар бештар олами иҳотанамудаашро амиқтар омӯзад. Барии татбиқ намудани ин донишҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. Ҷавҳари асосӣ дар пешрафти назарраси тамоми соҳаҳо аз зеҳни солими мутахассисони соҳавӣ вобаста аст ва дар навбати худ маҳсули зеҳни онҳо- натиҷаи фаъолияти пурсамар ва эҷодиёти онҳо ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ба илм бештар рӯй меоранд, зеро дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавононе, ки роҳи илмро интихоб мекунанд имтиёзҳои зиёд пешниҳод намудаанд.

Меҳрдод Қурбониён фаъолияти илмии худро дар раванди таҳсил дар кафедраи физикаи ҳастаии факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани лоиҳаи байналмилалии «Помир — Чақалтой», ки байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омўзиши равандҳои физикаи зарраҳои баландэнергия ва тадқиқотҳои астрономӣ дар минтақаи баландкўҳи Бадахшон- ноҳияи Мурғоб  пешбинӣ шуда буд,  аз омўзиши нурҳои кайҳонӣ оғоз кардааст. Дар чаҳорчўбаи шартномаҳои байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Москва (ДДМ) ба номи Ломоносов дар факултаи физикаи ДДМ ба номи Ломоносов ва Институти илмӣ-тадқиқотии физикаи ҳастаии дар назди ин донишгоҳ рисолаи хатми донишгоҳро оид ба муайян намудани хосияти зарраҳои баландэнергия иҷро ва бомуваффақият ҳимоя намуд. Инчунин ӯ баъди хатми донишгоҳ як соли дигар дар Институти физикаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар соҳаи омўзиши нурҳои кайҳонӣ бо мақсади ба роҳ мондани таҷрибаҳои илмии ядроӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб фаъолияти илмӣ намудааст.

Меҳрдод имрўзҳо зери роҳбарии профессор Фарҳод Раҳимӣ аз нуқтаи назари физикаи квантӣ ба омӯхтани системаҳои магнитӣ ва наномавод машғул аст. Ӯ барои натиҷагириҳои таҷрибавӣ бо профессор Холмирзо Холмуродов, ки дар Институти муттаҳидаи тадқиқотии Дубнаи Федератсияи Россия  фаъолият мекунад, ҳамкории илмӣ дорад. Вобаста ба омўзиши нанонайчаҳои оксидӣ аз нуқтаи назари ҳисоббарориҳои компютерӣ бо яке аз устодони Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токиои Ҷопон профессор Тамоёкӣ Ямамото низ ҳамкории илмии дуҷониба ба роҳ мондааст. Дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи дунё ҳамроҳи ин донишмандон мақолаҳои илмӣ ба нашр расонидааст. Масалан мақолаи илмии Меҳрдод Қурбониён бо номи «Nonlinear Dynamic Properties of One-dimensional Anisotropic Heisenberg Ferromagnetic» дар маҷаллаи  илмие дар ИМА ба чоп расидааст. Маҳз ҳамин мақола барои ба роҳ мондани ҳамкории илмии ӯ бо донишгоҳи Васедаи Токио роҳ кушод. Ӯ ҳамчунин бевосита бо худи олимони японӣ ва профессори Донишгоҳи Дубнаи Федератсияи Россия Холмирзо Холмуродов дар соҳаи нанотехнология мақолаҳои илмии муштарак ба табъ расонидааст.

Ҷаҳони муосир ҷаҳони нанотехнология аст. Бозёфтҳое, ки ҳангоми  омўзиши ҳодисаҳои мураккаб дар системаҳои магнитӣ ва наномавод аз нуқтаи назари физика ва химияи квантӣ ба даст меоянд, имрўзҳо дар аксари соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ татбиқ мешаванд. Дар корҳои илмӣ – тадқиқотии Меҳрдод Қурбониён механизми ба даст овардани қувваи ҷараён аз наномавод дар натиҷаи таъсири молекулаҳои обии атмосфера ҳисоббарорӣ карда мешавад…

Умед аст, ки Меҳрдод Қурбониён ва чун ӯ ҷавононе, ки раҳсипори  ҷодаи душвори илм гаштаанд,  дар Соли ҷавонон сарбаландона фаъолият намуда, дар илми тоҷик навгониҳо ворид месозанд.

Шукӯҳи ДАЛЕР

Апрель 16, 2017 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид