Тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи пойтахт вазифаи сокинони он мебошад

Июнь 6, 2017 16:29

ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Табиати биҳиштосо ва рӯду дарёҳои мусаффои ватанро поку беолоиш нигоҳ медорем»-таҳти чунин унвон имрӯз   дар кӯли фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  ҳашар бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.

Мақсади ташкили ҳашарро муовини раиси ҲҲДТ дар ноҳияи Сино Изатулло Ҳабибзод дар тоза  намудани соҳилҳои кӯл дар фасли тобистон ва ба ин васила  ҳифзи муҳити экологии маконҳои фарҳангиву фароғатӣ арзёбӣ намуд.

Дар  ҳашар аъзои  Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» фаъолона иштирок намуда,   атрофи соҳили кӯлро аз ҳар гуна партовҳои  маишӣ тоза намуданд.

Бояд зикр намуд, ки кӯли фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон» дар фасли гармо яке аз маконҳои зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ба шумор меравад.

Ҳамарӯза сокинон ва меҳмонон аз ин макони дилкаш дидан намуда, дар  соҳили кӯл зери дарахтони сояафкану ороишӣ истироҳат менамоянд ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи пойтахт вазифаи сокинони он ба ҳисоб меравад.

хашар 2 хашар

 

 

Июнь 6, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст