«Садои Душанбе»-ибтидои пахши барномаҳои мустақими радиоӣ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси радиои «Садои Душанбе» 19 сол пур мешавад. Бо ташаббуси собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳум Сайф Раҳимзоди Афардӣ 18 январи соли 1999 ин шабакаи мустақими радиоӣ ба фаъолият оғоз кард ва фазои иттилоотии мамлакатро пурратар намуд. Бо вуҷуди пешниҳоди барномаҳои алоҳидаи мустақим дар шабакаҳои дигари Радиои Тоҷикистон, ин ягона шабакае ба ҳисоб мерафт, ки ба муддати 8 соат тамоми барномаҳои худро ба таври мустақим бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ пешниҳоди шунавандагон менамуд. Таъсиси «Садои Душанбе» дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон қадами муҳиме дар рушди ВАО-и Тоҷикистон маҳсуб мешуд, зеро ин падидаи нав дар самти рӯйи кор омадани шабакаҳои дигари радиоӣ ва он ҳам пахши барномаҳои мустақим заминаи созгор гузошт.
Дар ибтидо агарчӣ радиои «Садои Душанбе» ҳамчун шабакаи сартосарии «Садои Душанбе» 8 соат мустақиман барнома пешниҳод мекард, айни ҳол пахши барномаҳои он 24 соатро ташкил медиҳад. Яъне, то соати 20:00 мустақиман ва сипас пахши такрории он то соати 8-и субҳи рӯзи дигар идома меёбад.
Дар ҳақиқат радио воситаест, ки дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат, дӯстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.
Дар Тоҷикистон бори аввал радио 10 апрели соли 1930 ба фаъолият оғоз кардааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ шумораи радиоҳои давлатию хусусӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд гардидаанд, ки мақсади аслии онҳо ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад.
Саидҷаъфар АШӮРЗОД,
директори радиои “FM Ховар”








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






