ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 18 январ, панҷшанбе, 18-умин рӯзи соли 2018 аст

Январь 18, 2018 08:37

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ
мезанад:

 

18 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ масъалаи барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷро  баррасӣ намуданд.

***

Як сол пеш, 18 январи соли 2017  дар  шаҳри Душанбе, дар Қасри Миллат зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

***

18 январи соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1999 Радиои «Садои Душанбе» ба фаъолият оғоз кард.

 

18 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

18 январи соли 2010 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Созмони ҳамкории Шанхай ва лоиҳаи низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

***

18 январи соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи тафтишотӣ оид ба мутобиқкунии лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти  омода намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 додгоҳи Покистон нисбат ба собиқ президенти ин кишвар Парвиз Мушарраф аз рӯи парвандаи куштори роҳбари миллатгароёни Балуҷистон Акбар Бугти (соли 2006) ҳукми сафедкунанда баровард.

***

58 сол муқаддам, 18 январи соли 1960 аввалин маротиба ҳавопаймои Ил-118 аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба шаҳри Қоҳираи  Миср парвози бетаваққуф анҷом дод.

***

18 январи соли 1964 табибони амрикоӣ аз конгресс даъват ба амал оварданд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамокуро вазифадор  намояд, то дар қуттиҳои он дар бораи хатари он ба саломатӣ нависанд.

***

18 январи соли 1995 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Япония зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

Соли 1925 дар Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Новый мир» («Ҷаҳони нав») нашр шуд.

Январь 18, 2018 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш