ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, шанбе, 258-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 14, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2005 дар таърихи навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳиму арзишманди байналмилалӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам — Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

***

14 сентябри соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов баргузор гардид.

***

14 сол пеш, 14 сентябри соли 2010  дар Маҷмааи давлатии «Кохи Вахдат» машварати навбатии роҳбарони роҳи оҳани давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Тоҷикистон ва Қазоқистон шарики стратегӣ шуданд.

***

9 сол пеш, 14 сентябри соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президентони Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Душанбе ташриф оварда буданд, мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти вақти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни брифинг ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба мактабҳои олии Қазоқистон даъват намуд.

***

14 сентябри соли 2017 рӯзномаи Парлумони Озарбойҷон бо номи «Истиқлолияти Тоҷикистон дар роҳи расидан ба рушд» мақола нашр намуд.

***

14 сентябри соли 2022 Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Русия манъ кард.

***

Шоми 14 сентябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — иштирокчиёни Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар деҳкадаи Бӯстонсарои ҳукуматӣ маҳфили «Шоми дӯстӣ» барпо намуданд.

14 СЕНТЯБР: 

Рӯзи умумиҷаҳонии расонидани ёрии аввалин.

***

Дар ИМА- Рӯзи суруди миллӣ.

Сентябрь 14, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, сешанбе, 289-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, душанбе, 288-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, якшанбе, 287-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, шанбе, 286-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, ҷумъа, 285-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, панҷшанбе, 284-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, чоршанбе, 283-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, сешанбе, 282-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, душанбе, 281-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст