Ифтитоҳи Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2018 10:42

ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврали соли 2018 дар арафаи таҷлили 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ — Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳама гуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат пешбинӣ гардидааст. Ба замми ин, нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ пайваст мегарданд. Ва ин имкон медиҳад нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеву минтақаи муайянгардида интиқол ёбанд ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шурӯъ кунанд.

Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қӯшунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст. Тариқи ин марказ дар дигар манотиқи кишвар рафти машқҳо ва ё дигар ҳолати ба амал омада бо пахши мустақим бе ягон мамониат тавассути мониторҳо назорат мегардад ва оид ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешавад.

Бо ҳамин тартиб фаъолияти бемамониати ин марказ имконият медиҳад, ки тамоми чорабиниҳои муҳими низомӣ, бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳудуди ҳама гарнизонҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, он аз пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе идора карда шавад. Ва ҳолати баамаломада ва иҷрои талаботи пешбинишуда дар вазъияти ҷанг, замони осоишта ва дар самти муайян намудани вазифаҳои асосии онҳо ҳамаҷониба таҳлилу ҷамъбаст ва мушаххасан баҳогузорӣ мегардад.

Барои ташкили фаъолияти мунтазами Маркази идоракунии навтаъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дохили иншооти мазкур тамоми шароити зарурӣ бо меъёр ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст.

Ифтитоҳи Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.02.2018

Февраль 21, 2018 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорк сафар намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии №8-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз бахшиданд