Ҷавонони шаҳри Хоруғро ботантана ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел карданд
ХОРУҒ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар майдончаи назди комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ маросими ботантанаи гусели 27 нафар даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Дар маросими мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат намуданд. Раиси вилоят гуфт, ки Артиши миллии мамлакат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои мушкилро паси сар карда, имрӯз ба иқтидори бузургу боэътимод табдил ёфтааст.
«Бешубҳа, ҳар нафаре, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ мегузарад, метавонад дар бунёди давлати миллӣ ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ собитқадамона саҳми босазо гузорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард буда, мактаби обутоб ва мардонагӣ барои ҷавонон маҳсуб меёбад. Ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастани ҷавонони бонангу ори вилоят шаҳодати он аст, ки онҳо чун шаҳрванди содиқи ин давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи марзу буми кишварашон саҳми босазо хоҳанд гузошт. Бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзу нигоҳдории оромию осудагии мардуми ин сарзамин қарзи фарзандии онҳост».
Раиси вилоят изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони шаҳри Хоруғ дар баробари дигар ҳамсолони худ дӯш ба дӯш истода, бо ҷасорату далерӣ ва инсондӯстию ватандӯстии худ барои тамоми ҷавонони кишвар намунаи ибрат мешаванд.
Модарон бо ифтихору сарфарозӣ фарзандони худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел намуда, аз онҳо даъват карданд, ки ҳар порчаи хоки муқаддаси Ватанро чун гавҳараки чашм муҳофизат намоянд. Зеро маҳз бо эътимоду боварӣ ба сарбозону афсарони далери Ватан имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик оромона пайи пешбурди рӯзгор мебошад.
Даъватшудагон ба волидони худ қавл доданд, ки бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ вазифаи шаҳрвандии худро содиқона ба ҷо оварда, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар ҷони худро дареғ намедоранд.








Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






