Ҷавонони шаҳри Хоруғро ботантана ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел карданд

Октябрь 19, 2018 16:13

ХОРУҒ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар майдончаи назди комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ маросими ботантанаи гусели 27 нафар даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

Дар  маросими мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат намуданд. Раиси вилоят гуфт, ки Артиши миллии мамлакат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои мушкилро паси сар карда, имрӯз ба иқтидори бузургу боэътимод табдил ёфтааст.

«Бешубҳа, ҳар нафаре, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ мегузарад, метавонад дар бунёди давлати миллӣ ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ собитқадамона саҳми босазо гузорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард буда, мактаби обутоб ва мардонагӣ барои ҷавонон маҳсуб меёбад. Ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастани ҷавонони  бонангу ори вилоят шаҳодати он аст, ки онҳо чун шаҳрванди содиқи ин давлати  соҳибистиқлол дар ҳифзи марзу буми кишварашон саҳми босазо хоҳанд гузошт.  Бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзу нигоҳдории оромию осудагии мардуми ин сарзамин қарзи фарзандии онҳост».

Раиси вилоят изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони шаҳри Хоруғ дар баробари дигар ҳамсолони худ дӯш ба дӯш истода, бо ҷасорату далерӣ ва инсондӯстию ватандӯстии худ барои тамоми ҷавонони кишвар намунаи ибрат мешаванд.

Модарон бо ифтихору сарфарозӣ фарзандони худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел намуда, аз онҳо даъват карданд, ки ҳар порчаи хоки муқаддаси Ватанро чун гавҳараки чашм муҳофизат намоянд. Зеро маҳз бо эътимоду боварӣ ба сарбозону афсарони далери Ватан имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик оромона пайи пешбурди рӯзгор мебошад.

Даъватшудагон ба волидони худ қавл доданд, ки  бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ вазифаи шаҳрвандии худро содиқона ба ҷо оварда, дар  таҳкими истиқлолияти давлатӣ  ва иқтидори мудофиавии кишвар ҷони худро дареғ намедоранд.

Октябрь 19, 2018 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд