ФАВРӢ: «AKHBOR.COM» дурӯғгӯ ва падари ҳамаи дурӯғгӯён аст
(Ҷавоби дандоншикан бо такя ба иттилооти дақиқ ба падарсолори дурӯғпардозони дохилӣ ва Ҷумҳурии Чех- «AKHBOR.COM»-и Мирзо Салимпур)
ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Лозим ба ёдоварист, ки соати 14:59-и дақиқаи санаи 27-уми октябри соли равон, дар саҳифаи ёвасарой, обишхӯри манфиати оппозитсияи абадӣ-фирорӣ «Аkhbor.сом», ки мутааллиқ ба Мирзо Салимпур мебошад, дурӯғи навбатӣ бо истинод ба манбаъҳои шаккок ва шубҳаангез таҳти унвони «Чор лидери Бадахшон ба Душанбе ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рафтанд» нашр шуд.
Маълумоти «Аkhbor.сом» дар бораи он, ки саркардаҳои номаълуми Бадахшонро гӯё касе пешвоз мегирад, дурӯғи маҳз ва гузаро аст. Ягон аҳамияти арзишӣ ин иттилоот аз лиҳози баҳогузории маълумот надорад.
«Аkhbor.сом», ки рейтингаш дар чоплусӣ, пулкоркуниву хиёнат ба касбу қалам дар ҷойи аввал меистад ва машҳури дунё шудааст, ин гапи дурӯғро аз кӣ? кай? фз куҷо? гирифтааст, номаълум аст. Яъне меъёри баҳогузории ин маълумоти М.Салимпур ба сифр баробар аст ва дурӯги маҳз аст.
Ботилии ин иттилооти Салимпурро, ки водии Ҳисорро се даҳсолаи охир ба гарави дурӯғ гирифтааст ва шармсор кардааст, як ба як қотеъона рад мекунем:
Сараввал, ин чор нафарак «лидер» нею саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори (ГМҶ) шаҳри Хоруғ мебошанд. Ана ҳамин истилоҳи устувор нисбат ба онҳо, яъне ГМҶ-и шаҳри Хоруғ бар пешонии ҳар яки онҳо насб шудааст. Қонунгузор ҳам масъулияти ҷиноятии онҳоро 22 октябри соли 2018 барои таърих сабт намудааст. Инҳо лидер нестанд, роҳбарони ГМҶ мебошанд, ки дар таърихи зикршуда, ба онҳо ОГОҲИИ РАСМӢ дар маърази ом ва дар назди қонун дар бинои Прокуратураи вилоят эълон карда шуда буд;
Дуюм, каззобиву дурӯғгӯии «Akhbor.сом» дар он ифода меёбад, ки манбаъҳои иттилоотии ҳилагари он ёфтаву бофтаҳои худро ҳақикати мутлақ пиндошта, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, фиреб мекунанд.
Ҳилаи шаръии «Аkhbor.сом» дар васвасаҳои шайтонӣ ва ҳангомапардозии давомдор баён шудааст.
Ҷинояткор-ҷинояткор аст, вақте ки 22.10.2018с. ба гуноҳи кабираи худ иқрор шуданд, чор тарафашон қибла, куҷое раванд, «марҳабо».
Шояд онҳо пеши Мирзо Салимпури наҳзатчӣ (ҲНИ-чӣ) раванд?! Зеро гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ягон каси дигар қабул надорад ва намепазирад.
Ҳангомаи дигар нест. Чӣ боз мебояд гуфт дар бораи аъзоёни фаъоли гурӯҳакҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ?!
Ҳафт саркардаи ГМҶ: – Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев,Зоир Раҷабов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоев тавбаи мардона ва аҳёнан занона ҳам карданд, ки аз ҷиноят даст мекашанд ва худро дигар шарики бетартибиҳо намедонанд.
Моҳияти ҷавоби ахбороти дурӯғсомонаи «Akhbor.сом» бошад ин аст, ки гурӯҳҳои маълуми ГМҶ-и Бадахшон хаттӣ қасам хӯрданд, ки дигар ба ҷиноят даст намезананд. Аз ин пас, аъзои ГМҶ дар чорчӯбаи қонун амал мекунанд ва дар ивази он амалиёти махсус оид ба маҳв кардани онҳо гузаронида намешавад, метавонанд, ки берун аз худуди ҷоий истиқоматашон бароянд ва барои аёдати хешутаборонашон, ки дар дигар ноҳияҳо зиндагӣ доранд, раванд.
Аслам МАЗАБОВ,
коршиноси масоили иҷтимоӣ,
зодаи ш.Хоруғ, сокини ш.Бохтар








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






