НАХУСТИН ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИНИ ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН НАМОИШ ДОДА ШУД! Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маҳалли воқеа гузориш медиҳад

Май 25, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 25.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 23 май дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мушоҳидаҳои фосилавӣ ва технологияи истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ  баргузор гардид. Дар кори он ҳавопаймоҳои бесарнишини Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистону Чин оид ба истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин таҷриба гардиданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз маҳалли воқаеа гузориш медиҳад.

Рӯзи  24 май конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар майдони ҳавоии (аэродроми) ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо намоиши парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин идома ёфт.

Дар аэродром барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани намоиши парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин тадбирҳои муҳим андешида шуда  буданд.

Меҳмонон — иштирокдорони конференсияи байналмилалӣ, роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро  намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ истиқбол намуданд.

Сипас ба ҳозирин парвози ду намуд ҳавопаймои бесарнишин, ки яке бо қувваи барқ (аккумулятор) ва дигаре бо сӯзишворӣ идора  мешаванд,  намоиш дода шуд. Ҳавопаймоҳои гуногунҳаҷм 1×1 ва 3×4 наздики ду соат дар баландии 600 метр парвозҳо анҷом доданд.

Иштирокдорон бо амалҳои гуногуни ҳавопаймоҳҳои бесарнишин аз наздик шинос  гардиданд.

Тавре дар суҳбат президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз  дошт, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бо мақсади илмию татқиқотӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Дар конференсияи байналмилалӣ низ таъкид шуд, ки аз таҷрибаи олимони тоҷик метавонанд, дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ истифода намоянд.

Президенти АИ Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба саволҳои хабарнигорон посух медиҳад.

Зикр гардид, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро мутахассисони ватанӣ, ки дар муассисаҳои олии авиатсионии Россия ва Тоҷикистон таҳсил намуда, курсҳои омӯзиширо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хатм кардаанд, мустақилона идора мекунанд.

Қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар Институти физикаи Академияи илмҳо истеҳсол ва коркард мешаванд. Дар оянда низ мутахассисони ватанӣ дар ин самт омода карда мешаванд.

Ба гуфтаи ноиби президенти академияи илмҳо Абдусаттор Саидов, нархи ҳавопаймоҳое, ки айни ҳол дар Парки технологии Академияи илмҳо мавҷуд аст, тахминан 20-25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Узви вобастаи Академияи илмҳо Абдусаттор Саидов иброз намуд, ки дар шароити Тоҷикистон хавфи ба амал омадани офатҳои табиӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Истифодаи ин ҳавопаймоҳҳои хурд имконият медиҳад, ки ҳисороти зиёди иқтисодӣ ва оқибати фалокатбори заминҷунбӣ дар вақти кӯтоҳ муайян карда шавад. Инчунин ба воситаи онҳо мониторинги экосистемаҳои табиӣ ва таъсири инсон ба экосистема, ҳашаротҳое, ки   ба хоҷагии мамлакат  зарар мерасонад, аксбардорӣ ва ҳудуди паҳншавии он муайян карда шавад. 3% Тоҷикистонро ҷангал ташкил медиҳад ва он барои арзёбӣ намудани ҳолати ҷангалзорҳо низ хеле қуллай аст.

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар истифодаи усулҳо ва технологияи татбиқи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар корҳои илмию амалӣ дар ҷаҳон таҷриба калон дорад ва истифодаи таҷрибаи онҳо барои гузаронидани корҳои илмӣ ба манфиат хоҳад буд.

Бояд зикр намуд, ки истифодаи ҳавопаймоҳҳои бесарнишин бо мақсадҳои илмӣ ва амалӣ дар Тоҷикистон аз як тараф ба амнияти озуқаворӣ мусоидат кунад, аз ҷиҳати  дигар ба гузаштани мамлакати аграрӣ ба аграрӣ-индустриалӣ суръат мебахшад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ бо мутахассисони чинӣ суҳбат мекунад.

 

Нахустин ҳавопаймоҳои бесарнишини истеҳсоли Тоҷикистон.

Нахустин ҳавопоймоҳои бесарнишини истеҳсоли Тоҷикистон.

 

 

 

Май 25, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Дар Конфронси ФАО дар Душанбе тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин баррасӣ шуд
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд
Жанна Исина: «Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Душанбе мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият медиҳад»
Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҷаласаи канорӣ оид ба татбиқи ҳуҷҷати «равиши ягонаи саломатӣ» баргузор шуд
Мудири кулли ФАО Тсюй Дунъюй: «Ба Президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 35-уми минтақавии СММ изҳори миннатдорӣ менамоям»
Беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ: натиҷаҳои мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои Чин дар Пекин
Дар Душанбе модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш баррасӣ гардид
Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид

Маводҳои таҳлилӣ