Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчак мулоқот намуданд

Май 21, 2019 20:18

ДУШАНБЕ, 21.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчакро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Словакия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ хусусан дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, илму маориф тандурустӣ ва варзишу сайёҳӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Словакия дар ин соҳаҳо омодагию ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин аз ҳавасмандии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи муносибатҳои шарикӣ бо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки имрӯз бояд ин созмон барои таъмини амнияту субот қарорҳои муҳим қабул намуда, тадбирҳои бетаъхир андешад.

Баргузории конференсияи сатҳи баланд дар масъалаи терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Душанбе аз тадбирҳои муҳими байналмилалӣ дар мубориза ба ин вабои аср арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои ин конференсия дар оянда барои таъмини амнияту суббот дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА дар самтҳои асосӣ аз ҷумла ҳарбӣ-сиёсӣ ва иқтисодию экологӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода мешавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дар мубориза ба терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилу фаромилӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои ҳалли мушкилоти имрӯзи сайёра аз сиёсати «меъёрҳои дугона» кор намегиранд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчак 21.05.2019

Май 21, 2019 20:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд