Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 15 июл оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли 2019 оғоз мегарданд.
Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.
Масъулини вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо мувофиқа намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» бо нишонии www.khovar.tj эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 15 июл оғоз гардида, 2 август анҷом меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






