Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 15 июл оғоз мешаванд

Июль 11, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 11.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва  ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои  шашмоҳаи аввали соли 2019  оғоз мегарданд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.

Масъулини вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо мувофиқа намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» бо нишонии www.khovar.tj  эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 15 июл оғоз гардида, 2 август анҷом меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

Июль 11, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад