Султон Бекмуродзода: «Истиқлолият бебаҳотарин сарват ва волотарин орзуи миллати тоҷик аст»

Сентябрь 6, 2019 15:38

ДУШАНБЕ, 06.09.2019./АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд.

Истиқлолият барои миллате, ки ҳазор сол  пеш зимоми давлатдорӣ аз даст дода буд, бебаҳотарин сарват ва  волотарин орзу маҳсуб мешавад. Мояи фараҳмандист, ки  саҳифаҳои 28 соли даврони соҳибихтиёрии мамлакатамонро  варақгардонӣ  карда,  аз муваффақиятҳои дар ин муддат  ба дастомада табъи кас болида ва дил лабрези  шодӣ мегардад. Ҳар фарди Тоҷикистон бояд  ба қадри ин туҳфаи беназири тақдири миллат  расад ва барои  тақвияти он саҳм гузорад. Маҳз ҳисси баланди масъулият дар назди гузаштагон  ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ба хотири ободиву оромӣ ва рушду пешрафти  сарзамини азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Дар робита ба ин ҷашни муқаддаси миллӣ  сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон БЕКМУРОДЗОДА нигориши худро ба сомонаи АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Дар идомаи он чунин омадааст:

Бешбуҳа,  тамоми дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ – истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии  мамлакат, таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаҳои ҳаётан муҳим – маорифу тандурустӣ бевосита ба  фаъолияти созанда ва хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд.

Ба бахти мардуми тӯли таърихи дароз ҷафодидаи тоҷик дар замони истиқлол нафаре масъулияти сарварии халқи моро ба дӯш гирифтааст, ки барҷастатарин хислати ӯ – ғамхориву дастгирии ҳар фарди Ватан, новобаста аз ҷинсу маҳал ва қишру баромади иҷтимоӣ мебошад.  Қариб дар ҳама суханрониҳои Пешвои муаззами миллат нуктаҳое, чун “Ман халқи азизамро дӯст медорам” ва “Ман ба мардуми шарифи тоҷик бовар дорам” садо медиҳанд, ки ин далели барҷастаи андешаи фавқуззикр мебошад.

Истиқболи истиқлолият имсол боз аз он ҷиҳат хотирмон хоҳад буд, ки дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни миллӣ дувумин агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор оғоз мекунад. Ин рӯйдод дар китоби таърихи мамлакат бо ҳарфҳои заррин сабт мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2018, замони ба истифода додани агрегати аввали ин Кохи нур барҳақ зикр карда буданд, ки “расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯзӣ заҳмат кашиданд. Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.

Бешубҳа, бунёди НБО “Роғун” натиҷаи заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, то зиндагии мардуми сарбаланди тоҷик боз ҳам равшантару саодатмандтар гардад. Ба кор оғоз кардани агрегати дуюми ин неругоҳи бузург, ки рӯзҳои наздик сурат мегирад,  як қадами устувори дигар ба сӯи пешрафту тараққиёт  ва шукуфоии Ватани маҳбубамон аст.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи ин ободиву созандагиҳо аз самараи истиқлолият  аст. Маҳз истиқлолият ба мо имкон медиҳад, ки ормонҳои миллии худро амалӣ намуда, барои ояндаи дурахшони мамлакат талош варзем. Ҳамчунин ҳар як шаҳрванди баору номуси Ватани маҳбуб бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки истиқлолият аз ҳар фарди кишвар меҳнати софдилона ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд.

Таърих исбот кардааст, ки дар ҳама давру замон сарвар ва пешвои дурандеш, пеш аз ҳама, ба ду омили аслии рушди ояндаи миллат – таълиму тарбия ва ҳифзи солимии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ба мардуми шарифи мо чун рӯз равшан аст, ки Сарвари хирадманди мо ба ин ду соҳаи ҳаётан муҳим дар бештари баромадҳову мулоқотҳояшон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ҷиҳати беҳтарсозии ин бахшҳо пайваста иқдомоти муассир меандешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба таъмин намудани солимии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа борҳо таъкид карда, солимии миллатро боигарии давлат номидаанд.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ  барои ҳифзи сиҳатии мардум тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд. Дар моддаи 38-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “ҳар шахс ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад”.

Воқеан, ҷомеаи солим омили пойдории миллати солим буда,  рушду пешрафти давлат аз саломатии ҳар узви ҷомеа вобаста аст.

Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 зикр карда буданд, ки “мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Давоми се соли оянда дар мамлакат беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд”.

Табиист, ки яке аз омилҳои таъсиргузор дар ҳифзи солимии ҷомеа- ин назорати сифати маводи ба мардум пешниҳодшаванда, махсусан доруворӣ мебошад.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамеша бо камоли масъулият ҷиҳати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва фаъолият дар самти назорати санитарию эпидемиологӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта зимни суханронии худ дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва воридоти дорувории пастсифат изҳори нигаронӣ намуда, ширкатҳои воридкунандаи дору ва дигар маводи ороишию гигиениро ҳушдор доданд, ки аз ворид кардани маводи  дорувории қалбакию ғайристандартӣ  ва муҳлаташон гузашта худдорӣ намоянд.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ зодаи даврони истиқлол аст ва аз сӯи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, то дар ҳифзи солимии мардуми шарифи кишварамон саҳми арзанда гузорад. Таъсиси Хадамот худ нишони ғамхории Сарвари давлат ба кулли сокинони мамлакат аст ва ҳам самараи Истиқлолият.

Мо, кормандон ин ниҳод пайваста талош менамоем, ки  ҳама гуна маводи пастсифату муҳлаташон гузаштаро аз муомилот боздошта, ба ин восита барои ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат намоем.

Дар рӯзҳои истиқбол аз истиқлоли миллӣ бояд ҳар шаҳрванд, новобаста аз вазифаву мақоми ишғолдоштааш биандешад, ки дар назди мардуми ҷумҳурӣ ва ҳукумату давлат масъулияти баланд дорад ва чӣ гуна сазовор қарзи фарзандии хешро бояд ба ҷо орад.  Истиқлолият неъмати бебаҳост ва  истиқлоли комилро танҳо он миллате ҳифз карда метавонад, ки солиму солимақл бошад. Ҳамчунин он кишваре рушду тараққиёти рӯзафзунро ба даст меорад, ки  шаҳрвандонаш тансиҳату бардам бошанд.

Дар ин самт аз сӯи Пешвои муаззами миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми иқдомоти зарурӣ андешида шудаанд ва боқӣ ҳама аз худи мо- ниҳодҳои марбута ва мардуми шарифи мамлакат вобаста аст. Зеро фаъолияти Хадамоти мо ба масъулиятшиносии шаҳрвандон бевосита алоқаманд аст.

Истиқлолият аз ҳар шаҳрванди баору номуси Ватани маҳбуб меҳнати софдилона ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд.

Сентябрь 6, 2019 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд