Маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расид

Март 31, 2020 16:19

ДУШАНБЕ, 31.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик»-и нависандаи ҷавон ва рӯзноманигори тоҷик Таҳмина Убайдуллоева муаррифӣ карда мешавад.

Китоби мазкур дар яке аз нашриётҳои бонуфузи Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расидааст. Дар ин бора муаллиф ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи ин нависандаи ҷавон, маҷмӯаи мазкур аз ҷониби Кумитаи «Санъати афсонагӯӣ»-и Маркази фарҳангии Осиё бо забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ бо теъдоди 3000 нусха дар шаҳри Кванҷуи Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расидааст.

Маҷмӯа ба хонандагони хурдсол оид ба корнамоиҳои фарзанди далери халқи тоҷик – Темурмалик ҳикоят мекунад. Ороиши китоб аз ҷониби рассоми кореягӣ Ли Мёнай, ки барои тасвири он ба шаҳри Хуҷанд омада, бо таърихи муҳорибаҳои Темурмалик шинос гардида буд, анҷом пазируфтааст.

Гуфта мешавад, ки «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар доираи лоиҳаи ҳамкории фарҳангии Кореяи Ҷанубӣ бо панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ бо мақсади рушди санъати афсонагӯӣ ва шинос намудани кӯдакони кишварҳои гуногун бо асарҳои адибони хориҷӣ бо сифати баланд ба нашр расидааст.

Лоиҳаи ҳамкории фарҳангии Кореяи Ҷанубӣ аз соли 2010 инҷониб амалӣ шуда, қаблан дар доираи он китобҳои афсонаи адибони шинохтаи тоҷик, аз қабили  Садри Умар, Азизи Азиз, Гурез Сафар, Раҷабалӣ Қудратов ва Абдуғаффор Абдуҷаббор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва кореягӣ ба нашр расидаанд.

«Тавассути афсонаи мазкур кӯдакони кишварҳои гуногунро бо қаҳрамони таърихии халқи тоҷик -Темурмалик шинос кардан мехоҳам. Фикр мекунам, ки бо хондани афсонаи мазкур дар қалби хонандаи хурдсол ҳиссиёти ватандӯстӣ, садоқат ба миллат, шуҷоату далерӣ бедор хоҳад шуд»,- иброз дошт муаллифи китоб Таҳмина Убайдуллоева.

Март 31, 2020 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт