Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шавад. Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дарёфти аксари овозҳо аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Ин пешниҳод имрӯз аз ҷониби вакилони тозаинтихоб зимни иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум манзур гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, иҷлосияи мазкур имрӯз таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, дар кори он Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар ниҳодҳои дахлдор иштирок доштанд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар иҷлосияи мазкур 8 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сараввал дар иҷлосия Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов гузориш дода, зикр кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар пойтахт 70 комиссияи ҳавзавӣ ва 202 комиссияи участкавии интихобот таъсис дода шуд.
Абдулло Холиқов иттилоъ дод, ки аз теъдоди умумии интихобкунандагон — 358 ҳазору 419 нафар дар интихобот 314 ҳазору 340 нафар иштирок карданд, ки ин 87,7 фоизро ташкил дод. Аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва тариқи худпешбарӣ дар 70 ҳавзаи шаҳрӣ 229 нафар номзад ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ ва номнавис гардиданд. Дар интихобот зиёда аз 7 ҳазор нафар сокинони шаҳри Душанбе ба сифати аъзои комиссияҳои интихоботӣ ва ҳам нозирони миллӣ ширкат варзида, ҷараёни озоду шаффофи интихоботро ташкил ва мушоҳида намуданд.
«Дар натиҷаи овоздиҳӣ 1 март 70 нафар номзадҳое, ки аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд, ба дарёфти ваколати вакилӣ сазовор гардиданд.
Ҳамин тавр, ба ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 19 нафар вакил аз соҳаи саноату сохтмон, 16 нафар аз илму маориф, 20 нафар аз молия ва иқтисодиёт, 5 нафар ҳуқуқшинос, 2 нафар аз ташкилотҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ, 7 нафар аз соҳаи тандурустӣ, 1 нафар аз соҳаи кишоварзӣ интихоб гардиданд. Аз ин шумора 29 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин ба 41,4 фоизи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баробар аст»,- афзуд номбурда.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 58 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, 1 нафар аъзои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, 1 нафар аъзои Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, 1 нафар аъзои Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ва 7 нафар ба тариқи худпешбарӣ шомил гардиданд.
Дар сафи вакилон 2 нафар академик, 5 нафар докторҳои илм ва 21 нафар номзадҳои илм мебошанд, ки ин 40% вакилони интихобшударо ташкил медиҳад.
Пас аз гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот иҷлосия ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашумро тасдиқ намуд.
Вакилони тозаинтихоб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳукуқии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе савганд ёд карданд.
Дар иҷлосия аввалин шуда, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ савганд ёд кард. Дигар вакилон аз рӯи шумораи тартиби ҳавзаҳо ин маросимро ба ҷо оварданд.
Сипас вакилони халқ Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Низомномаи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо тасдиқ карданд.
Дар иҷлосия 12 комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таъсис ёфта, раис ва аъзои онҳо интихоб гардиданд.
Ҳамчунин комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаву кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо, боғу пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе ва доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуданд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум як зумра қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.