Ба Қонун «Дар бораи кино» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд

Апрель 29, 2020 13:31

ДУШАНБЕ, 29.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки мақомоти масъулро барои пеш аз пахш ё намоиши кино огоҳ намудани тамошобинон оид ба таснифбандии синнусолӣ вазифадор менамояд.  

Дар ин хусус вакилони мардумӣ имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар Душанбе қарор қабул намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум (солҳои 2015-2020) пешниҳод гардидааст.

Муовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Бахтовар Сафарзода зимни шарҳи масъалаи мазкур иттилоъ дод, ки лоиҳа бо мақсади такмили қонунгузорӣ пешниҳод шудааст.

Тибқи тағйироти воридгардида, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кино вазифадор мегарданд, ки вобаста ба синну сол ба воситаҳои пахшкунандаи кино – филмҳо ва намоиши онҳо таснифбандӣ муқаррар намоянд.

«Сухан сари он меравад, ки пеш аз пахш ё намоиши кино масъулин бинандаро бояд огоҳ карда, аломатҳои +0, +6, +12, +16 ва +18-ро мувофиқ ба таснифбандии синнусолӣ, ки ба стандартҳои байналмилалии намоиши кино мувофиқат мекунад, гузоранд»,- афзуд Бахтовар Сафарзода.

Ба гуфтаи ин вакили мардумӣ, пас аз қабул шудани қонуни мазкур субъектони алоҳида, ки оид ба намоиш ва пахши кино дар мамлакат  ваколатдор мебошанд, уҳдадор мешаванд, ки ё дар ноқили интиқолдиҳандаи кинову филмҳо ва ё ҳангоми пахши онҳо дар як гӯшаи эфир ин аломатҳоро нишон диҳанд.

Дар лоиҳаи муҳокимашуда якчанд тағйироти дорои хусусияти услубӣ, матнӣ ва имлоӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар маҷмӯъ ба баланд шудани сифати қонуни мазкур ва мутобиқкунонии он ба қонунгузории соҳавӣ мусоидат менамояд.

Бо назардошти ин бо овоздиҳии аксарияти вакилони мардумӣ лоиҳаи қонуни муҳокимагардида қабул гардид. Пас аз гузаштан аз марҳилаҳои дигари қонунгузорӣ ва нашр шудан дар матбуоти расмӣ он мавриди амал қарор мегирад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», ки соли 2004 қабул гардида буд, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии соҳаи киноро муқаррар ва принсипу тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар рушди ин соҳа муайян менамояд. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 18 модда иборат мебошад.

Апрель 29, 2020 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР. Ва ё ваҳдате, ки бо шарофати он давлатдории миллии тоҷикон дубора эҳё гардид
Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Лондон мулоқоти ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор мешавад