Сайёҳон баъди карантин саёҳати худро дар Тоҷикистон идома доданд

Апрель 2, 2020 13:32

ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд нафар  сайёҳе, ки ҳангоми ворид шудан ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи хуруҷи коронавирус дар шаҳри Хоруғ ба карантин фаро гирифта шуда буданд, баъди анҷоми он тавассути хатсайри Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб-Данғара-Норак-Душанбе саёҳати худро идома доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Ин сайёҳон дар пайи хуруҷи коронавирус ҳангоми ворид шудан ба сарҳади давлати мо дар шаҳри Хоруғ ба карантин фаро гирифта шуданд. Онҳо аз шароит ва хизматрасонии макони карантин изҳори қаноатмандӣ намуда, тавассути хатсайри Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб-Данғара-Норак-Душанбе саёҳати худро идома доданд», — тазаккур доданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дирӯз дар шаҳри Душанбе роҳбарият ва кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ҳоли сайёҳоне, ки дар Тоҷикистон дармондаанд, хабар гирифтанд. Имрӯз бо роҳнамоии кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва хизматрасонии ширкати сайёҳии «Ориент Адвентур» сайёҳон аз маконҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, назири Кохи Наврӯз, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ дидан намуданд.

«Сайёҳон таассуроташонро аз шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар иншооти сайёҳӣ рангин баён намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон солҳои наздик ба рушди ҳарчи бештари сайёҳӣ муваффақ гардида, ба яке аз давлатҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар минтақа мубаддал хоҳад гардид. Зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бойи рекреатсионӣ буда, бо табиати дилфиребу нотакрораш таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб месозад»,- илова намуд манбаъ.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Германия дар Тоҷикистон барои бозгашти ин сайёҳон тадбир андешида истодаанд.

Апрель 2, 2020 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд