То 6 апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст-изҳороти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ

Апрель 6, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ  дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, изҳорот пахш намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

-Пеш аз ҳама, иттилоъ медиҳем, ки тибқи  маълумоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аз 1 феврал то  6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои  мамлакат дар карантин қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6 апрел, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Субҳи имрӯз, 6 апрел,  вобаста ба вазъи эпидемиологии вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустӣ Фаррух Мақсудзода ва мудири шуъбаи эпидемиологияи вилояти Суғд Рустам Собиров ба муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирҳамуддин Камолзода гузориш доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки вазъи эпидемиологӣ дар вилоят муътадил буда, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, мусбат мебошад. Ҳарчанд ки миёни  бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ  ба қайд гирифта шудаанд, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои  сирояти коронавирус  дида намешавад.

Ҳамчунин аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд, ки дар ҳақиқат фавти як марди 60-сола дар беморхонаи мазкур дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, қаблан, пеш аз фавт аз ин мард ташхиси коронавирус гирифта шуда ва натиҷаи он манфӣ баромадааст. Бинобар ин, гӯё бо сабаби сирояти коронавирус фавтидани ӯ асоси воқеӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол муовини сардухтури бемористони марказии  ноҳияи Ҷаббор Расулов  Алишер Абдукаримов дар суҳбат изҳор намуд, ки айни замон вазъи саломатияш хуб аст. Номбурда аз нашри хабарҳо дар мавриди он ки гӯё вазъи саломатияш вазнин  мебошад, изҳори нигаронӣ намуд.

Алишер Абдукаримов гуфт, ба карантин фаро гирифтани ӯ ва дигар табибон на танҳо аз он сабаб аст, ки онҳо бо ин марди фавтида сару кор доштанд, балки тибқи қоида ҳар табибе, ки бо нафарони дар карантин буда сару кор дорад, 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки айни замон озмоишгоҳҳои мамлакат барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Ҳоло дар озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ 25 ҳазор тестҳо ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз қариб  3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадааст. Аз ин шумора 22 ташхис ба Лондон ва 9  ташхиси   дигар ба шаҳри Москва равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо низ, хушбахтона, манфӣ баромадааст.

«Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба  гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд. Бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон аз расонаҳои хабарии мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои коронавирус танҳо ба маълумоти расмии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар ва бо такя ба он матолиб ба нашр расонанд. Чунки  дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ метавонанд сабаби ба таҳлука андохтани мардум бигарданд»,-иброз дошт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.

Апрель 6, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон