То 6 апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст-изҳороти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, изҳорот пахш намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
-Пеш аз ҳама, иттилоъ медиҳем, ки тибқи маълумоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аз 1 феврал то 6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6 апрел, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Субҳи имрӯз, 6 апрел, вобаста ба вазъи эпидемиологии вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустӣ Фаррух Мақсудзода ва мудири шуъбаи эпидемиологияи вилояти Суғд Рустам Собиров ба муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода гузориш доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки вазъи эпидемиологӣ дар вилоят муътадил буда, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, мусбат мебошад. Ҳарчанд ки миёни бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ ба қайд гирифта шудаанд, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои сирояти коронавирус дида намешавад.
Ҳамчунин аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд, ки дар ҳақиқат фавти як марди 60-сола дар беморхонаи мазкур дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, қаблан, пеш аз фавт аз ин мард ташхиси коронавирус гирифта шуда ва натиҷаи он манфӣ баромадааст. Бинобар ин, гӯё бо сабаби сирояти коронавирус фавтидани ӯ асоси воқеӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол муовини сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов Алишер Абдукаримов дар суҳбат изҳор намуд, ки айни замон вазъи саломатияш хуб аст. Номбурда аз нашри хабарҳо дар мавриди он ки гӯё вазъи саломатияш вазнин мебошад, изҳори нигаронӣ намуд.
Алишер Абдукаримов гуфт, ба карантин фаро гирифтани ӯ ва дигар табибон на танҳо аз он сабаб аст, ки онҳо бо ин марди фавтида сару кор доштанд, балки тибқи қоида ҳар табибе, ки бо нафарони дар карантин буда сару кор дорад, 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки айни замон озмоишгоҳҳои мамлакат барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Ҳоло дар озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ 25 ҳазор тестҳо ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз қариб 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадааст. Аз ин шумора 22 ташхис ба Лондон ва 9 ташхиси дигар ба шаҳри Москва равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо низ, хушбахтона, манфӣ баромадааст.
«Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд. Бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон аз расонаҳои хабарии мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои коронавирус танҳо ба маълумоти расмии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар ва бо такя ба он матолиб ба нашр расонанд. Чунки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ метавонанд сабаби ба таҳлука андохтани мардум бигарданд»,-иброз дошт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






