БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН ВА ВОРИСОНИ БУЗУРГИ СИНО ЯКТАНУ ЯКҶОНЕМ! Муроҷиатномаи варзишгарони Тоҷикистон

Май 22, 2020 12:29

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест, Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати ислиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафи давлату миллат ва шукуфоии он аст. Бе Ватан инсон бе сарнавишт ва бе қурбу бе манзалат мебошад. 

Ин пораест аз муроҷиатномаи варзишгарони Тоҷикистон  дар робита ба вазъи баамаломадаи пандемияи COVID–19 ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ки   ҳамраъйии худро бо ҳамватанони хеш баён доштаанд. Дар зер матни пурраи  муроҷиатномаи мазкур пешниҳод мешавад.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои муаззами миллат,
муҳтарам Ҷаноби Олӣ
ва мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз!

Мо, варзишгарони хуштолеъ ва саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол, парчамбардорони миллат, зери парчами муқаддасу парафшони Ватан сарҷамъ шуда, бо эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ иброз медорем, ки бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии миллати тоҷик, кафолати ғолибият дар муқобили дилхоҳ мушкилии мардуми шарифи Тоҷикистон дар мубориза бо пандемияи COVID — 19 яктану якҷонем.

Ҳамзамон ба қаҳрамонони сафедпӯш, муборизони ҳифзи ҷони миллати тоҷик,  табибони кишвари  азизамон сари таъзим фуруд оварда, то пурра сиҳату саломат шудани охирин бемори мубталои COVID – 19 дар қаламрави мамлакат якҷо мубориза мебарем.

Мутаасифона, шурӯъ аз оғози соли 2020 инсоният дар тамоми дунё бо мушкилоти нав ба нав ва офатҳои табиӣ дучор омада истодааст. Бемории сироятии COVID — 19, ки тамоми дуёнро фаро гирифтааст, Тоҷикистони маҳбуби моро низ дар канор нагузошт ва боз як имтиҳони ҷиддии якдиливу якмаромӣ ва зери роҳнамоии давлату Ҳукумат ва Пешвои муаззами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳҳид ва содиқ будани моро тақозо намуда, барои якҷоя мубориза бурдан бо онро талаб менамояд.

Пешвои муаззами миллат ҳамеша ишора бар он менамоянд, ки якдиливу якмаромии  халқамон ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар раванди таърих инъикос менамояд.

Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки тамоми ин арзишҳоро сармашқи кору пайкори худ қарор дода, мавқеи устувори зиндагиву рӯзгори худ интихоб намоем.

Ҳамватанони азиз!

Албатта, Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест, Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати ислиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафи давлату миллат ва шукуфоии ватани аҷдодӣ аст. Бе Ватан инсон бе сарнавишт ва бе қурбу бе манзалат мебошад.

Пас моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида, муттаҳидтар ва якдилу якмаром бошем ва зери роҳнамоии Пешвои маҳбуби хеш ва заҳмату талоши аҳли тандурустии мамлакат зиракии сиёсиро аз даст надода, ноумед нашуда, аз як гиребон сар бароварда, дар ин рӯзҳои гузаранда ба овозаву дасисаҳои хоинони миллат, ноҷавонмардон ва кӯрнамакони миллат, ба маълумоти бардурӯғ ва беасос дода нашуда,  муборизаи шадид барем ва фазои иттилоотии ҷомеа, махсусан шабакаҳои иҷтимоиро бо корҳои хайру савоб ва ҳамдиливу дастгирии якдигар бо умеди фардои неку осуда пур намоем.

Мо, варзишгарони тоҷик – пайравони Пешвои миллат аз заҳматҳои хастанопазири Президенти маҳбуб махсусан дар мубориза бо COVID — 19 бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ва аз ҳама муҳим, шинохти асли хеш, ки дар шароити тазоди ҷаҳонишавӣ ва авҷ гирифтани чолишҳои минтақавӣ фавқулода муҳим мебошад, сидқан ва самимона миннатдор буда, хуб дарк менамоем, ки фардои мардуми соҳибтамаддуну фарҳангсолор, фарзандони миллати тоҷдор ва идомадиҳандагони кору пайкори шахсиятҳои оламшумул ҳастем ва барои боз ҳама боло бурдани шукӯҳу нусрати миллати тоҷик, ҳамеша парафшон будани Парчами давлатӣ, ки рамзи адолату шараф, номуси миллӣ, муҳаббати беназир ба хоку оби аҷдодӣ, зиндагонии шоиста ва рӯзгори ороставу озода мебошад, масъулияти басо бузург дорем.

Маҳз тавассути хиради волои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва роҳандозии тадбирҳои таъсирбахши хештаншиносиву ватанпарастӣ Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дар фазои орому осуда, зиндагии арзандаву шоиста ва умеду орзуҳои чандинҳазорсола ба сӯи ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии хеш устуворона қадам мегузорад, ки дар меҳвари асосии он муҳаббати беназири Пешвои миллат ба мардум ва эътимоду ҳамдилии комили мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат нуҳуфтааст ва ягон қувва, махсусан фаъолияти имрӯзаи хоинони миллат ва сомонаҳои ғаразноку манфиатҷӯ дар ин рӯзҳои мушкили мардум наметавонанд онро халалдор созанд.

Мо, варзишгарони тоҷик, ворисони аҷдодони қаҳрамони хеш бо арақи ҷабин ва баробар ба ҷони худ дар арсаи ҷаҳонии варзиш шарафу номуси миллатро ҳифз намуда истодаем ва Парчами миллиро то Бозиҳои олимпӣ баланд афрохта, имрӯз ҳам барои ҳифзи ҷони миллати азизамон масъулияти бузург дорем ва намегузорем, ки хоинони миллат фазои ҷомеаи моро халалдор созанд.

Дар ин роҳи пурифтихор ва пурмасъул бо Пешвои миллат, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ворисони бузурги Сино яктану якҷонем.

Зеро боварии Пешвои миллат ба мо, варзишгарон масъулияти бузург буда, эътимодашон бароямон аз ҳарвақта бештар қувваи устувору неруи шикастнопазир ато менамояд ва моро водор мекунад, ки бо муттаҳид намудани тамоми ҳастии худ зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ва омилҳои бегонапарастӣ мубориза барем ва дар пояи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ҳастии таърихии миллати қадимӣ муттаҳид шуда, барои ободии фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат намоем.

Мо қадри муборизаву ҷоннисориҳои халқи азизамонро барои озодӣ ва истиқлол ҳамчун ҷони худ гиромӣ медорем, барои бахту саодати миллат ва умеду орзуҳои ҳар як фарди тоҷик талош меварзем, барои сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадияти миллати соҳибтамаддун ва фарҳангсолори тоҷик ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат тамоми иқтидори инсонии худро равона мекунем.

Шараф ба Пешвои наҷотбахши миллат,
Ҳамду сано ба ворисони асили Сино,
Саодату некрӯзӣ ба мардуми шарафманди тоҷик!

Май 22, 2020 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»