COVID-19. Дар Муъминобод занҳои қобили таваллуд аз бемории коронавирус эмин нигоҳ дошта мешаванд

Май 19, 2020 16:20

МУЪМИНОБОД, 19.05.2020 АМИТ «Ховар». Имрӯзҳо дар  кӯчаю маҳаллаҳо ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Муъминобод низ чун дар тамоми ҷумҳурӣ корҳои беҳдоштию тамизкунӣ ба роҳ монда шудаанд. Масъулини  Маркази солимию репродуктивии ноҳия баҳри пешгирии  бемории COVID-19 бо занҳои қобили таваллуд  дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Тавре директори Маркази солимию репродуктивии ноҳия Замира Юлдошзода иттилоъ дод, барои пешгирӣ аз бемории коронавирус тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

«Бемории  коронавирус мо, кормандони марказро  бетараф намегузорад. Мо вазифадорем, ки бештар бо занҳои қобили таваллуд  ва ҳомиладор  вохӯрӣ анҷом диҳем ва ба онҳо  фаҳмонем, ки  ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намуда, ҳамеша эҳтиёткор бошанд.  Дар ноҳия шумораи занҳо 49 ҳазору 188  ададро ташкил медиҳанд, ки аз он 24 ҳазору 619 нафарашон занҳои қобили таваллуданд. Мо  ҳамарӯза  ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта,  ба занҳо  сари вақт  шустани дастон бо  собун ва маҳлулҳои антисептикӣ, ҳатман пӯшидани ниқоб,  ҳамеша таҳти назорат гирифтани кӯдаконро мефаҳмонем»,- гуфт номбурда.

Замира Юлдошзода мегӯяд, ки хушбахтона, то холо  дар  ноҳияи Муъминобод байни занҳо бемории коронавирус  ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин давра  беш аз 80 нафар зан  барои санҷиши ҳарорат  ва ҳомиладорӣ  муроҷиат намудаанд. Санҷиш нишон дод, ки  ҳарорати онҳо муътадил буда, ин беморӣ дар онҳо дида  намешавад. «Мо кӯшиш менамоем, ки  мушкилоти   занҳои муроҷиатнамударо сари вақт  бартараф намоем.  Аз ин рӯ ба   мардум гуфтаниям, ки ба воҳима   дода нашуда, қоидаҳои гигиенаи шахсиро  бештар риоя ва худу наздиконашонро эҳтиёт намоянд»,- иброз дошт директори Маркази солимию репродуктивии ноҳияи Муъминобод.

Май 19, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад