СУҚУТИ ҲАВОПАЙМО! Бар асари ин фоҷиа дар Покистон ҳамаи мусофирон қурбон шуданд

Май 22, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамаи 107 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймои суқуткардаи ширкати «Pakistan International Airlines» қарор доштанд, қурбон шуданд, гуфт шаҳрдори Карочӣ Васим Ахтар. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Associated Press» хабар медиҳад.

Ҳавопаймои байналмилалии «Airbus A320», ки бо хатсайри PK 8303 дар масири Лоҳур — Карочӣ парвоз анҷом медод, чанд дақиқа пеш аз фуруд дар минтақаи аҳолинишине дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо 51 мард, 31 зан ва 9 кӯдаки ноболиғ, инчунин ҳафт ҳайати сарнишинон буданд. Дар натиҷаи садама якчанд бинои истиқоматӣ хароб шуда, дар маҳалли ҳодиса наҷотдиҳандагон ва низомиён фаъолият доранд.

«Харобаҳои ҳавопаймо пурра таҳқиқ шуданд. Касе зинда намонд. Ҳоло ҷудокунии харобаҳо идома дорад», — шаҳрдори Карочӣ.

Хадамоти наҷотдиҳии маҳаллӣ хабар дод, ки аллакай даҳҳо ҷасад аз зери харобаҳо бароварда шуданд. Баъзеи онҳо сахт сӯхтаанд ва генетикҳо мебояд шахсияти қурбониёнро муайян кунанд.

Сабаби суқути ҳавопаймои ширкати байналмилалии Покистонро дар минтақаи Карочӣ нуқсони техникӣ гуфтан  ҳанӯз барвақт аст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба  хадамоти матбуоти ин ширкат.

«Пеш аз анҷом додани таҳқиқи техникии ин ҳодиса, наметавонем бигӯем, ки сабаби садама нуқсони техникӣ буд», — гуфт котиби матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ Абдуллоҳ Ҳофиз.

«Айни замон чизе гуфтан бармаҳал аст, — илова намуд ӯ. – Ҳамаи ҳайати сарнишинони покистонӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда омӯзонда шудаанд».

«Ҷузъиёти садама дар нишасти хабарӣ, ки рӯзҳои наздик баргузор мегардад, эълон хоҳад шуд», — гуфтанд аз хадамоти матбуот.

 

АКС аз AP Photo/Fareed Khan

Май 22, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 4 миллион нафар наздик мешавад
Баъди анҷоми пандемия кумак намудан ба кишварҳои камбизоат ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд
Ӯзбекистон манъи парвози ҳавопаймоҳоро то 30 июн тамдид намуд
ХУШХАБАР! Аввалин дору барои коронавирус пайдо шуд. Санҷиши он дар ИМА муваффақона анҷом пазируфт
COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 3,2 миллион нафар гардид
Вазорати тандурустии Россия нишонаи муҳимтарини сирояти COVID-19-ро номбар кард
Дар Россия ба табобати коронавирус бо усули нав оғоз намуданд
Н. Атабеков, сарэпидемиологи Ӯзбекистон: Коронавирус аз байн намеравад, аммо он «худӣ» мешавад
COVID-19: Россия аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба ҷои 10-ум баромад
COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба беш аз 3,5 ҳазор нафар расид
COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 700 ҳазор нафар гардид
Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ: дар Рамазон ҳам масҷидҳо мамнуъ боқӣ хоҳанд монд

Маводҳои таҳлилӣ