Дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид

Март 19, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар майдони 800-солагии Москва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Қабл аз оғози намоиши идона иштирокчиён бо намоишгоҳи расму ойинҳои мардумӣ, дастранҷи деҳқонон, косибону оҳангарон ва таомҳои миллии хоси наврӯзӣ шинос шуданд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки Наврӯзи оламафрӯз- ин ҷашни  муқаддас ва файзбори ориёиро, ки давоми ҳазорсолаҳо ҳаёти маънавии миллати тоҷикро ғанӣ мегардонад, аз нав эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Имрӯз бо ифтихор ва шодмонӣ метавон гуфт, ки Наврӯз чун пештара ҷойгоҳи худро соҳиб гардида, дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Эҳёи расму оинҳои накӯи Наврӯз ва тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он собит менамояд, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ва ворису посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ аст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Март 19, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПОЙТАХТ — СИМОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Шаҳриёри шаҳри умеду орзуҳо ва идомадиҳандаи роҳи ниёгони некном
ДУШАНБЕИ ДИГАР. Бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳомоти хоса дорад
ДУШАНБЕ –МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ. Сокини пойтахт будан дар баробари ифтихор аз ҳар шахс масъулияти зиёд талаб мекунад
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд
Нақши пойтахт дар таҳкими давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад
Душанбе оинаи миллат ва пайвандгари таърих бо ояндаи давлат аст
Бахшида ба Рӯзи пойтахт Намоиши аксҳои Душанбе ва сайри рӯзноманигорон баргузор гардид
Озмуни «Беҳтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир мегардад
Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид