Дар Парлумон ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамоиш баргузор гардид

Март 20, 2025 14:48

ДУШАНБЕ, 20.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар мақоми олии қонунбарори мамлакат ба муносибати таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии  Наврӯз ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки «барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Зеро бо талошҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО  ба феҳристи ёдгории фарҳанги башарият дохил карда шуд. 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд, ки дар саросари ҷаҳон бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад».

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои «рӯзи нав», «тоза», «рӯзи нахустин» мебошад. Ин рӯз таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки ифодагари эҳёи табиат ва бедоршавии наботот мебошад.

Иброз гардид, ки Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз  анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Наврӯз ва тамоми суннатҳои наврӯзӣ намунаи баланди одобу маърифат ва некию ҷавонмардӣ, хайрхоҳӣ, сулҳу нишот ва хушбахтии одамизод мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»  

Март 20, 2025 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон мулоқот намуд
11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо Раиси парлумони Гурҷистон ва муовини Раиси парлумони Шветсия мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Президенти Узбекистон бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд