Гули лола ба инсон шодию лаззати эстетикӣ мебахшад

Апрель 12, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ин озмун, пеш аз ҳама,  бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова иброз медорад, ки баргузории «Сайри гули лола» рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи ин суннат дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, пештар он се рӯз давом мекардааст. Имрӯз дар Тоҷикистон ин анъана идома дошта, он дар байни аҳолӣ завқи зебоишиносӣ парварида, онҳоро ба корҳои созандагӣ ҳавасманд мегардонад.

Дар айни замон дар шаҳри Душанбе дар ҳар мавзеъ гули лоларо вомехӯред, ки дар ҳоли шукуфтан қарор дорад. Ин гулҳо, бегумон диққати бинандаро ба худ ҷалб менамоянд.

Аслан гулкорӣ кардани мавзеъҳои гуногун ва дар ин замина таваҷҷуҳ ба гули лола аз боло бурдани завқу шавқи зебоишиносии сокинон дарак медиҳад.

Яке аз муҳаққиқони гули лола дар замони муосир Сафарбек Раҳимов аст, ки дар мавриди «Сайри гули лола» пажуҳиш анҷом додааст. Мавсуф дар таҳқиқоташ вобаста ба гули лола навиштааст: «Лола яке аз гулҳои боғии аввали баҳор ба ҳисоб меравад. Онро ҳам шахсони алоҳида ва ҳам дар сатҳи саноатӣ парвариш менамоянд. Номи илмии лола — Тulipa (ба забони русӣ тюльпан) аз калимаи «Turba» (тӯрба — яке аз шаклҳои кулоҳи сари мардуми Шарқ) гирифта шудааст, ки шакли гули растанӣ ба он шабоҳат дорад».

Бояд гуфт, ки ҳар як ранги гули лола ба худ маънои хос дорад. Ранги гулобӣ- ин нозукӣ, ҳамоҳангӣ, сулҳу дӯстӣ аст, ки чунин гулҳо дар асл ба дӯстдухтар ҳадя мегарданд. Лолаи сафед рамзи покӣ ва ниятҳои нек аст, ки қобилияти тоза кардани заминаҳои энергетикиро дорад ва ҳисси ҳамбастагӣ ба вуҷуд меорад. Намуди зарди он аломати зинда будан, некӯаҳволии мусбат ва моддӣ мебошад.

Гулдастаи зарди дурахшон ба осонӣ шуморо руҳбаланд мекунад. Сурх рамзи ҳавас ва бедории эҳсосот аст.

Лола растание аст, ки ба инсон шодию лаззати эстетикӣ мебахшад. Гулҳои лола метавонанд на танҳо руҳияи инсонро баланд бардоранд, балки энергияи шахс ва ҳуҷраеро, ки дар он парвариш меёбанд, беҳтар созанд. Гулҳо мисли ҳама гиёҳҳо ҳавоеро, ки мо нафас мекашем, тоза мекунанд ва хонаамонро бо энергияи ҳаётӣ пур мекунанд. Ранги сабз, ранги бартаридоштаи растаниҳо ва гулҳо яке аз рангҳои табиӣ аст. Бо будан дар наздикии гулҳо ва растаниҳо мо энергияи мусбат мегирем ва эҳсос мекунем, ки руҳияи мо чӣ гуна тағйир меёбад. Хастагӣ, асабоният меравад — мо ором мешавем. Гули лолаи шукуфон ҳар яки моро шод мегардонад ва мо ҳамеша ба гулҳо бо завқ менигарем.

Имрӯзҳо шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат аксар вақт ба мавзеъҳое наздик мешаванд, ки дар он ҷойҳо гулҳои лолаи рангоранг шукуфтаанд. Ҳар фарди зебопараст мехоҳад дар канори онҳо акс гирифта, вақти гаронмояи хешро бо хушиву хурсандӣ сипарӣ созад. Шояд ҳамин омил буд, ки ҳанӯз дар садаи XVII бинобар ба Аврупо бурдани гули лола ин растанӣ дар Нидерланд хеле машҳур шуд ва ҳамагон ба кишти он рӯ оварданд.

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2019 озмунҳо бахшида ба сайри гули лола доир мешаванд. Дар шаҳри Душанбе ин озмунҳо дар боғҳои фароғатӣ, гулгашту хиёбон ва байни ноҳияҳо гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, макони аслии лолаи худрӯй Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули нарму латифи худрӯи айёми баҳор бештар дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ ва ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания ва Африқо мерӯяд ва дар ин давлатҳо нуфузу арзиши зиёде дорад.

Дар Тоҷикистон лолазор аслан дар дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои кӯҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё ва Рашт воқеъ аст.

Гули лола бо номи «арӯси сол» ва «маликаи табиат» машҳур буда, аз 100 то 150 навъи он мавҷуд  аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 12, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ДУШАНБЕ. Шукуфоиву зебоии гулҳои сад ранги шаҳр самари заҳмати кормандони корхонаи «Сабзкорӣ» -и пойтахт аст
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Омили асосии обшавии босуръати пиряхҳо дар замони муосир ин гармшавии глобалии иқлим мебошад
22 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОДАР-ЗАМИН. Заминро бояд самаранок ва оқилона истифода бурд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЭҶОДКОРӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Омилҳое, ки метавонанд бозори меҳнатро афзоиш дода, мардумро тавонманд созанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тахач барои бемории меъда, диабети қанд ва зардпарвин муфид аст
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шалғамча барои пешгирии саратони даҳон, меъда, гурда ва рӯдаи ғафс фоидаовар аст
Душанбе шаҳри ҷавонӣ ва маркази имкониятҳои варзишӣ мебошад
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: «Душанбе ба як маркази воқеии илмӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа табдил ёфтааст»
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САЙЁҲӢ. Соли 2024 ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор сайёҳ ворид гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад