Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд

Апрель 9, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейстария, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки ҳамватанони кишвари иқомат таҷлил  гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Женева хабар доданд, дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода  оид ба таърих, анъана ва асолати Наврӯз ҳамчун ҷашни аҷдодӣ суханронӣ намуд.

Дар ҷашн дастархони миллӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хони наврӯзӣ бо рамзҳои он – «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» ороиш дода шуд.


АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Женева

Апрель 9, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд