МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шибит даво бар зидди бемории саратон мебошад

Март 16, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли шибит дар ҳолати тару тоза, хушк ва тухми он ғализиҳои меъдаро тоза намуда,  дарди пуштро шифо мебахшад. Барги тоза, хушк ва ё тухми шибитро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди гурдаю таскин бахшида,   пешобро равон мекунад ва ҷигари заифро ба ислоҳ меоварад. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Мизоҷи шибит дар дараҷаи дуюм гарм ва хушк аст. Он аз витаминҳо, антиоксидантҳо ва нахҳо бой мебошад. Таркиби ин растанӣ аз флавоноидҳо, каротиноидҳо ва дигар антиоксидантҳо бой аст, ки истеъмоли он организмро аз таъсири зараровари радикалҳои озод муҳофизат намуда, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд. Инчунин бо илтиҳоб мубориза бурда, таъсири зиддисаратонӣ дорад.

Дар тибби қадим занон барои давои дарди шиками фарзандон аз тухми шибит истифода мебурданд.

Дар китоби «Канзи шифо» чунин омадааст: «Онро хоҳ дар ошҳо ва хоҳ бо дигар таомҳо бихӯранд, варамҳои дохилиро мегардонад ва ё мепазонад. Ҳамаи гиреҳҳои дар узвҳои бадан пайдошударо мекушояд, ғизоро ҳазм мекунад. Инчунин ҳангоми заҳролуд гаштани бадан — хоҳ аз хӯрок бошад ва ё хоҳ ҷонварони заҳрнок бигазанд, ба ҳамааш шифо мебахшад. Дарди рӯдаҳо ва дигар дардҳоеро, ки дар ҷойҳои дигари бадан пайдо шаванд, таскин медиҳад».

Ба андешаи мутахассисон, дар таркиби ин растанӣ витамини С нисбат ба ситрусҳо ду маротиба бештар аст. Ҳамзамон шибит дорои витаминҳои РР, тиамин, рибофлафин ва намакҳои минералӣ мебошад. Равғани аз тухми ин растанӣ омодашуда яке аз элементҳои асосӣ ва ҳамешагӣ барои таҳияи лавозимоти ороишӣ маҳсуб мешавад. Онро ҳамчун маводи хушбӯйкунанда омехта менамоянд.

Нафароне, ки фишори паст доранд ва занони ҳомила, ки гирифтори мушкилот ё ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ мебошанд, мебояд ҳангоми истеъмоли шибит аз эҳтиёт кор бигиранд. Истеъмоли барзиёди ин растанӣ метавонад фишорро паст намояд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки баргҳои шибитро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, бодҳои тамоми бадан ва дарунро таҳлил медиҳад.

Ҳамчунин бемориҳои балғамии меъдаро дур месозад. Шибитро бо асал бихӯранд, заҳрро аз бадан берун менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 16, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Киҳо хуқуқи дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карданро доранд?
Татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ асоси пешрафти босуръати иқтисоди миллӣ
«ИСТИҚЛОЛ». Ин маҷмааи меъморӣ рамзи соҳибистиқлолӣ ва озодии Тоҷикистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тамашк дилро қавӣ гардонида, барои харобшавӣ кумак мерасонад
Гули лола ба инсон шодию лаззати эстетикӣ мебахшад
СИФАТИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо оид ба дидгоҳ ва фаъолияти амалии Президенти Тоҷикистон доир ба ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ
МУТТАҲИДШАВӢ БАРОИ ШУКУФОИИ УМУМӢ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Хизматчиёни ин сохтори низомӣ дар таъмини суботу оромӣ саҳми назаррас доранд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ РАДИОИ ТОҶИК. Радиои «Тоҷикистон» ҳамқадами замона фаъолият менамояд
Иқтисодчиёни Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат саҳми назаррас доранд
САЛОМАТӢ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО! Шумо кай охирон маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаштаед?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ангат раванди пиршавиро суст ва бемориҳои мавсимии вирусиро пешгирӣ менамояд