МУТТАҲИДШАВӢ БАРОИ ШУКУФОИИ УМУМӢ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 апрели соли равон дар шаҳри Самарқанд дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии пурмуҳтавои Президенти Тоҷикистон самтҳои гуногуни масъалаҳои тағйирёбии иқлим, энергетика, устувории экологӣ, захираҳои обии минтақа ва дигар мушкилоти ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.
— Пешвои миллат зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам аз ин истисно нест. Дар воқеъ, ба андешаи мо, нақши сарварони сиёсӣ ва иштироки онҳо дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» ва дигар ҳамоишҳои байнидавлатию минтақавӣ ҳамчун дипломатияи фаъол дар раванди идоракунии сиёсӣ муҳиммияти хосса дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин форуми сатҳи баланд ҳалли мушкилоти ҷаҳонии иқлим ва муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ барои созиши кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар аксар ҳолатҳо вобаста ба пешниҳоду баррасии масъалаҳои марбута, барои ҳамзистии осоишта ва муносибатҳои ҳасанаи ҳамфикрӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зарур мебошад.
Муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ бо баргузории чунин форуми сатҳи баланд дар бисёр ҳолатҳо метавонад ба вусъати бештари ҳамкорӣ ва рушду нумуи кишварҳо таъсири мусбат расонад. Ин муколамаи илмию сиёсие мебошад, ки метавонад ба дигар самтҳои ҳаёт таъсир расонад.
Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки “оқибатҳои фоҷеабори тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд”. Воқеан, оқибатҳои офатҳо хавфу хатар ва таҳдидҳои мухталиф ба бор оварда метавонанд.
Аз ин рӯ, ба даст овардани созиш дар чунин сатҳи баланди муколама вобаста ба ҳамзиштии осоишта аз нуқтаи назари илмию методологӣ хеле зарур аст. Яъне роҳи ихтиёрии омадан ба созиш ва ҳамфикрӣ бояд ба ҳифзи манфиати байниҳамдигарии кишварҳо ва умуман манфиатҳои сиёсии ҳамаи неруҳои муттаҳидшаванда мувофиқат намояд.
Ба андешаи мо, ба даст овардани созишу ҳамфикрӣ дар чунин сатҳи баланд вобаста ба мушкилоти ҷаҳонии иқлим ва муттаҳидшавӣ кори осон нест ва метавонад дар худ боз мушкилии дигар пайдо намояд. Дар чунин вазъ сарварони сиёсӣ, олимону дигар пажуҳишгарон барои пешрафт ва шукуфоии умумӣ усулҳои мухталиферо метавонанд истифода баранд, ки ба манфиати мардум ва суботи сиёсӣ бошанд.
Баргузории Форуми сатҳи баланд дар шаҳри Самарқанд бо унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” фурсати хеле муносиб барои пешниҳоду ҳалли масъалаҳое буд, ки он агар аз як тараф, дар натиҷаи дарки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, аз тарафи дигар тавассути иродаи матини Сарварони сиёсии кишварҳои мухталиф имконпазир гардид.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “барномаҳои марбут ба обу иқлими пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона татбиқ мегарданд. Қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи мустаҳкам гузошт. Ташаббусҳои ҷаҳонии мо инчунин ба татбиқи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои “Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030” мусоидат намуданд”.
Инчунин Пешвои миллат дар суханронии пурмуҳтавояшон оид ба манбаи асосии захираҳои обии минтақа ва обшавии пиряхҳо бо пешниҳоди маълумоти амиқу дақиқ таъкид намуданд, ки аз ҷумла аз 14 ҳазор пиряхи ҳудуди Тоҷикистон дар панҷоҳ соли охир қариб 1300 адади он пурра об шудааст.
Бояд гуфт, ки суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ба хотири ҳамзистии осоишта ва бартараф намудани мушкилоти ҷаҳонии иқлим ба муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумии мардумони кураи Замин нигаронида шудааст. Ин аст, ки дар Форуми сатҳи баланд аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват оварда шуд, ки барои маблағгузорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кишварҳои осебпазир, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки иштирок ва суханронии Президенти Тоҷикистон, Сарвари сиёсии тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо рамзи бузургии ҳамзистии осоишта аст, балки ҳифзи манфиатҳои муҳимми миллиро низ фарогир мебошад.
Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин воситаи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст






