Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд

Апрель 17, 2025 19:25


ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.
Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Узбекистонро, ки дар заминаи эътимоду боварии мутақобила рушду тавсеа меёбад, баррасӣ намуданд.

Имзои Аҳдномаи байни ду кишвар дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ рӯйдоди муҳимми таърихӣ номида шуд.

Ҳар ду ҷониб аз тавсеаи бемайлони равобити байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Олий Маҷлис изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба рушди босуръати муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро муҳим шумориданд.

Дар идомаи суҳбат доир ба масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2025 19:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ба муносибати 80-солагии Ғалаба иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими гулгузорӣ дар оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ вориди шаҳри Санкт-Петербург шуданд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ба тасвиб расид
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон созишномаҳо ба тасвиб расиданд