«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид

Октябрь 7, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабии пойтахт ба барномаи иттилоотии «Kudak.tj» пайваст гардид. «Kudak.tj» чӣ гуна барнома аст ва ҳадафи татбиқи он чист? Ба ин суоли АМИТ «Ховар» роҳбарияти Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе посух доданд.

Тавре Директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода иброз намуд, баъди бақайдгирӣ дар барномаи иттилоотии «Kudak.tj» волидон тавассути он метавонанд аз харитаи электронӣ муассисаи дилхоҳро интихоб карда, барои дохил намудани фарзандонашон ба он маълумот ворид намоянд. Ба воситаи ин барнома дар навбати электронӣ қарор гирифта, ариза ба роҳбарияти маориф (Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт) равон кунанд.

«Бояд гуфт, ки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои ташкили омори ягона, равиши нав ва самараноки содагардонии раванди бақайдгирии кӯдакон, осон кардани кори мураббиён ва рушди иртиботи волидон бо муассисаи томактабӣ нақши назаррас дорад. Барнома ба танзими кори муассисаҳои томактабӣ мусоидат намуда, муассисаҳои таълимии томактабиро вориди марҳилаи нав – муҳити рақамӣ месозад», — афзуд Зафар Муродзода.

Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои мураббиён ва волидон имконияти нави омӯзишӣ ва фароғатӣ муҳайё месозад. Яке аз ин имконият дар аккаунти мураббиён ва волидон дастрасӣ ба китобҳои электронӣ, афсонаҳо ва аудиокитобҳо мебошад. Волидон метавонанд дар ин платформа китобҳои электронӣ ва афсонаҳои гуногунро барои фарзандонашон интихоб намоянд, ки ин метавонад дар рушди маънавӣ ва таълимии кӯдакон кумак расонад. Инчунин қисматҳои интерактивӣ дар барнома ба ҷалби кӯдакон ва тарғиби хондан ва омӯзиш дар муҳити рақамӣ равона шудаанд.

Ин имконият ба волидайн кумак мерасонад, то ки ба фарзандонашон на танҳо маълумот, балки контенти фароғатӣ ва таълимии гуногун пешниҳод намоянд.

Волидон имкон доранд, ки муассисаи томактабии дилхоҳи худро аз харитаи электронӣ пайдо намуда, оид ба гурӯҳҳои синнусолӣ ва ҷойи холии он маълумот гиранд. Инчунин волидайн тавассути ин платформа метавонанд аз фаъолияти фарзандашон дар муассисаи томактабӣ бохабар шаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар айни замон 20 муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ба ин барнома пайваст карда шудааст, ки дар онҳо 5560 таълимгиранда ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳадаф аз татбиқи барномаи иттилоотии «Kudak.tj» рақамикунонии соҳа, автоматикунонии равандҳои таҳсилоти томактабӣ ва таъмини фарогирии муназами кӯдакон ба муассисаи томактабӣ мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд