«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад
ДУШАНБЕ, 07.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯҳистони Тоҷикистон мавзеъҳое вуҷуд доранд, ки бо табиати зебою нотакрор ҳар бинандаро ба ҳайрат меоранд. Яке аз чунин мавзеъҳои биҳиштосо «Ҳафткӯл»-и нозанин аст, ки бо обҳои сарду фирӯзаранг ва манзараҳои афсункораш дар иҳотаи кӯҳҳои барфпӯши