ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД НАМОЯНДАГИИ ТИҶОРАТИИ ФЕДЕРАТСИЯ РУСИЯ КУШОДА ШУД
Азимбой Азимов намояндаи ваколатдори тиҷоратии Русия дар вилояти Суғд таъин гардид. Вазифаи намояндагии тиҷоратӣ ривоҷ додани ҳамкории соҳибкорону тоҷирони Русия бо минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат дар бобати интихоби шарикон, зиёд кардани ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва Русия, тақвияти ҳамкории минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон, мусоидат ба амалӣ сохтани барномаҳои байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва дар бозори Тоҷикистон ба фурӯш баровардани молҳои сохти Русия, аз Тоҷикистон ба Русия фиристодани маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра мебошад. Намояндаи ваколатдори тиҷоратии Русия вобаста ба масъалаҳои тайёрӣ ба мулоқоти намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Русия дар масъалаи истифодаи имкониятҳои ҳамкории минтақаҳои ҳар ду мамлакат вазифадор карда мешавад, ки аз ҷониби Русия дар тадбирҳои омода сохтану гузаронидани мулоқоти мазкур ширкат варзад.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






