13 САНАДИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ҶТ ВА ҶМЧ БА ИМЗО РАСИД
Баъди анҷоми мулоқотҳои расмӣ маросими имзои асноди ҳамкорӣ баргузор гашт, ки зимни он 13 санади муҳим ба имзо расид.Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ имзо гузоштанд.Ҳамчунин ба имзо расиданд:Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои 2008-2013; Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин; Созишнома байни Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистон ва Дафтари Шўрои байналмилалии забони чинӣ дар бораи ҳамкорӣ;Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;Созишномаи заминавӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи вусъат ва таъмиқи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкории техникию иқтисодӣ (Кўмаки бебозгашт ҷиҳати сохмони нақби Шар-Шар);Санади қабул ва таҳвил (кўмаки техникии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблаѓи 40 млн. юани чинӣ);Мубодилаи мактубҳо байни Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи тамдиди ҷуброни қарзи бефоизи пешниҳодгаштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблаѓи 50 млн. юани чинӣ;Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамлу нақли автомобилӣ;Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин:Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Компанияи чинии «Zijin international Mining Co.,Ltd»;Қобили таъкид аст, ки мутобиқи санади ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои наздик баҳри татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии кишвари мо аз ин бонк 400 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






