БАРГАРДОНИДАНИ ҚАРЗҲОИ БОНКӢ ЗЕРИ САВОЛ МЕМОНАД
Як қисми бонкҳо дар асоси сертификати замин ва қисми дигар дар асоси ба гарав мондани амволи хоҷагиҳо ба деҳқонон бо фоидаи 18% қарз доданд. «Дар сурати паст шудани ҳосил бонк наметавонад қарзи худро бозпас гирад, ин ҳолат ҳастии бонки қарздиҳандаро, ки як ташкилоти молиявӣ аст, зери хатар мегузорад» – иброз намуданд коршиносони Агроинвестбонк ба мухбири АМИТ «Ховар».