ЧАШМАНДОЗ

Август 21, 2008 16:07

Ин мавзӯи асосиест, ки матбуоти тозанашр ба он бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Мусоҳибаеро, ки дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» Пайрав Назаров бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ омода кардааст, бисёр нашрияҳо, аз ҷумла «Ҷавонони Тоҷикистон», «Азия плюс», «Минбари халқ», «Садои мардум» чоп кардаанд. «Дар ин дидор сарони кишварҳо масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва такмили механизмҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамчунин оид ба кишвари раисикунандаи СҲШ дар давраи солҳои 2009-2010, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои байналмилалӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт. Омодагиҳо ба нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии шахсии худи Президенти кишвар идома доранд. Рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди объектҳои ҷудогона бахшида ба нишасти мазкур зери назорати Сарвари Давлат қарор доранд. Бо мақсади фароҳам сохтани шароити хуби корӣ ва буду бош дар Тоҷикистон аз тамоми тавону имкониятҳои мавҷуда кор гирифта мешавад»- қайд намудааст вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонёбии ШОС»- чунин аст унвони шарҳи ҳафтаномаи «События» дар ин мавзӯъ. «Шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба омодагӣ ба баргузории вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷиҳати қабул ва хизматрасонӣ тайёрӣ мебинад. Тамоми сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ барои дар сатҳи зарурӣ омода намудани пойтахт сафарбар карда шудаанд.» — қайд шудааст дар иттилоияи котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов, ки рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва якчанд нашрияи дигар ба табъ расондааст. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» матолиби ҷолиберо ба унвони «Бунёди давлати иҷтимоӣ бунёди давлати ормонист» пешкаши хонандагон намудааст. Ин мусоҳибаи нависанда ва рӯзноманигор Фотеҳи Абулло бо академик Нуриддин Қаюмов аст. «Бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ғояи бузург, умедофарин ва иттиҳодбахшандае барои тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад, зеро дар ин ҷомеа амалан ҳар шаҳрванд аз ҳуқуқ, озодиҳо ва зиндагии шарафмандона бархурдор хоҳад буд»-гуфтааст Н.Қаюмов. Соли нави хониши 2008-2009 наздик меояд. Яке аз масъалаҳои муҳим ҷараёни маъракаи омодагӣ ба соли нави хониш ҳамзамон омодагии ҷиддӣ ба зимистон аст. Дар робита таъкидоти Президенти мамлакатро ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар ҳошияи аввал ҷой додааст. Дар мақолаи Муҳаммад Шариф ва Абдурауф Муродӣ, ки аз ҳолати муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол нақл мекунад, қайд шудааст, ки бо вуҷуди омодагиҳо «…таъмири пастсифат, ба анҷом нарасидани таъмир, захира накардани ангишт дар ҳамаи мактабҳо мушоҳида мешаванд». «Чорабиниҳои таъмини амният дар Душанбе пурзӯр мешавад», «Ба Тоҷикистон аз кишвари Қазоқистон беш аз 90 фоиз зироати ғалладона ворид мегардад», «Тоҷикистон қисми газро пардохт намуд ва Ӯзбекистон ба ин хотир интиқоли газро зиёд кард» Ин ва дигар хабарҳоро аз ҳафтаномаи «Чархи гардун» пайдо мекунед. Яке аз мавзӯҳое, ки онро нашрияҳо мунтазам пайгирӣ мекунанд ҷашни 1150 солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст. Аз ҷумла ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолаи пажӯҳишии Ҷамолиддин Саидзодаро чоп кардааст, бо номи «Рӯдакӣ ва Масъуди Саъд». Масъуди Саъд яке аз шоирони маъруфи порсигӯи асри ёздаҳ «аз мактаби устод Рӯдакӣ ва шеъри мумтанеи ӯ дарси шеъру шоирӣ омӯхтааст»- хулоса кардааст муаллифи мақола.

Август 21, 2008 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд