ДАР КӮЛОБ АЗ АВВАЛИ СОЛ 21 ҶИНОЯТКОР ДАСТГИР ШУД
Кӯлоб, 26 август. (АМИТ «Ховар», С.Холов).- Сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, майори милиса Фирдавс Шомадов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки кормандони милиса дар давоми як ҳафтаи охир ду нафар ҷинояткори ашаддиро дастгир намуданд.Ҳар дуи онҳо аз тарафи кормандони милиса муддати тӯлонӣ ҷустуҷӯ карда мешуданд. Яке аз ҷинояткорон сокини шаҳри Душанбе Карим Раззоқови 40- сола мебошад, ки дар вақташ бо 423 килограм маводи нашъадор ба даст афтода, аз ҳабси пешакӣ фирор карда буд. Ҷинояткори дигар сокини шаҳри Кӯлоб Илҳом Насриддинов аст, ки аъзои гурӯҳи чинояткори Сӯҳроб Лангариев буда, ба қочоқи маводи нашъадор гунаҳкор карда мешавад. Ф.Шомадов афзуд, ки кормандони милиса аз аввали сол то имрӯз 21 нафар ҷинояткори мавриди ҷустуҷӯи мақомои дахлдор қарордоштаро дастгир намуданд. Дар шаҳр аз аввали сол то имрӯз 74 ҳодисаи дуздии моликияти давлат ва шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд. То имрӯз 68 ҷинояти мазкур кушода, ҷинояткорон маҳкум карда шуданд. Инчунин дар ин муддат аз тарафи кормандони милиса ду норинҷаки дастӣ ва як автомати Калашников мусодира карда шуд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






