ДАСТАҲОИ ҲУНАРИИ МАМЛАКАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД
Онҳо айни ҳол дар Кохи Борбад машқ карда, ба консерти калон тайёрӣ мебинанд, ки 28 август баъди чошт намоиш дода мешавад. Тоҷикистон ҳамчун мамлакати мизбон дар консерт барномаи 45 – дақиқаинаро пешкаши тамошобинон мегардонад. Дастаҳои ҳунарии мамлакатҳои дигари аъзои СҲШ – Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барномаҳои ҳафтдақиқаинаро пешниҳод мекунанд. Консерт бо забонҳои тоҷикию русӣ ва чинӣ намоиш дода мешавад. Онро ҳунарпешагони Театри драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо қироати шеърҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ оғоз хоҳанд кард. Дар консерт аз Тоҷикистон ҳунармандони Театри драммавии ба номи Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, филармонияи давлатии Тоҷикистон, гурӯҳҳои ҳунарии «Шашмақом», «Зебо», «Фалак», аз Русия оркестри камеравии «Московия», аз Қирғизистон гурӯҳи рақсии «Оқмарал», аз Қазоқистон гурӯҳи овозхонони «Ринго» ва дастаи мутрибони камеравии президенти ин мамлакат ва аз Ӯзбекистон гурӯҳи ҳунарии иттиҳодияи «Ӯзбекнаво» ширкат меварзанд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






