ДАСТАИ МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БА ДУШАНБЕ БАРМЕГАРДАД
Варзишгарон ва аъзои ҳайати расмии ҷумҳурӣ аз Пекин ба воситаи ҳавопаймои «Пекин — Урумчӣ — Душанбе» ба Тоҷикистон бармегарданд. Аз Кумитаи миллии олимпӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки айни ҳол масъалаи додани мукофот ба 2 нафар барандаи ҷоизаҳои олимпӣ дар сатҳи ҳукумат баррасӣ карда мешавад. Тавре хабар дода шуда буд, дар бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев соҳиби медали биринҷӣ ва Юсуф Абдусаломов соҳиби медали нуқра гардиданд. Аз Тоҷикистон дар бозиҳои олимпӣ 15 нафар варзишгар иштирок намуд. Онҳо гулӯлапартоён Дилшод Назаров ва Галина Митяева, дзюдочиён Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Арслонқулов, гӯштингирон Виталий Корякин, Юсуф Абдусаломов, боксчиён Анвар Юнусов, Шералӣ Достиев, Ҷаҳон Қурбонов, камонвар Албина Камолиддинова, шиноварон Катерина Измайлова, Алишер Чингизов, вазнбардор Низом Сангов ва тирандоз Сергей Бабиков мебошанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби умумӣ аз ҷиҳати миқдори медал дар байни 205 дастаи мунтахаб ҷойи 66 –умро ишғол намуд. Аз рӯи маълумоти омор, ҷараёни қувваозмоиҳоро дар Бозиҳои олимпӣ бештар аз 4 миллиарду 400 ҳазор сокини сайёра тамошо кард. Маросими анҷоми бозиҳои олимпӣ 24 август баргузор гардид.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






